ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ
Ҳамасола мардуми кишвар рӯзи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакатро чун муждаи муваффақиятҳои наву тоза бесаброна интизорӣ мекашанд ва Соли нави мелодиро дар руҳияи баланд таҷлил намуда, дар асоси дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда, нақшаву барномаҳои кору фаъолияти худро мураттаб месозанд. Паёми Сарвари давлат санади муҳимми сиёсӣ, муайянкунандаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳадафҳои стратегӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкимбахшандаи истиқлоли давлатӣ ва суботу оромии мамлакат ва муайянкунандаи ҳадафу вазифаҳои дар пеш истода барои солҳои минбаъда мебошад.
Паёми 27-умини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 16 декабри 2025 ироа гардид, бо хусусиятҳои хос, навгониҳо, мазмуну муҳтаво, вазифагузорӣ ва ҳадафҳои дурбинона аз Паёмҳои қаблӣ тафовут дорад.
Якум, дар оғоз Пешвои миллат доир ба рӯйдодҳои муҳим ва таърихии мамлакат дар соли 2025, ки боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми шаҳрвандони кишвар маҳсуб меёбад, ибрози андеша намуданд. Ин рӯйдодҳои муҳим дар фазои суботу ором, ба таври шаффоф гузарондани маъракаи сиёсии интихоботи вакилони мардумӣ дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон, ки садсолаҳо шаҳрвандон ва масъулини маъмурии ду давлати ҳамсояро азият медод, баимзорасии шартномаи дӯстии абадӣ оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳади се кишвар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони Эъломияи Хуҷанд, инчунин дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шудани пешниҳодҳои созанда ва дурбинонаи Сарвари давлат мебошад. Иброз гардид, ки санаи 12-уми декабри соли 2025 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ду қатънома «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ҳамон рӯз, инчунин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул карда шуд. Пазируфта шудани ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ аз сиёсати дурбинона ва дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Хусусияти дуюми Паёми имсола дар ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху фарҳангӣ шашҳазорсолаи тоҷикон маҳсуб меёбад. Дар Паём Сарвари давлат иброз доштанд, ки соли 2025 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, қатъномаҳо доир ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои дӯзандагӣ”, бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ далели ҷойгоҳи хосаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии мо дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Бо ташаббуси Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 2025 қабул гардидани қатънома ва танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Ба соҳаи рушди бостоншиносӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои қабули қонуни алоҳида дар танзими ин соҳаи муҳим дастур дода шуд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Пешвои миллат Наврӯзи байналмилал, Меҳргон, Сада ва Тиргонро асоси ҳуввият ва асолати мо тоҷикон ҳисобида, тантанаи баргузории онҳоро ҳамчун таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат, нақши мондагорашон дар таърихи башарият ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо ва ба ягон дин иртиботу пайвастагӣ надоштани ин ҷашнҳои миллӣ иброз намуданд. Бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе барои ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон нақши муҳим мебозад.
Сеюм, Паёми имсола таҳлили амиқи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, барномаи миёнамуҳлати Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар муқоиса бо даҳ соли қаблиро дарбар гирифт. Дар тӯли даҳ сол 26 фоиз зиёд гардидани аҳолии кишвар, аз 70 ба 77 сол расидани дарозумрии аҳолӣ ва 19 фоиз коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ далели равшани баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Таъкид гардид, ки маоши кормандони маориф, илм, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, стипендия ва нафақа аз якуми сентябри соли 2026 дар ҳаҷми 25, 20 ва 15 фоиз баланд бардошта шавад. Пешвои миллат иброз доштанд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлату Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.
Чорум, таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи кишоварзӣ, рушди пахтакорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар тӯли даҳ соли охир сатҳи ҳифзу таъмини амнияти озуқаворӣ аз 60 ба 85 фоиз баланд гардидааст. Сарвари давлат ба кишоварзони мамлакат миннатдорӣ баён намуданд, ки бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, ҳарорати баланди ҳаво ва хушксолӣ, хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро ба маҳсулоти хӯрока таъмин карданд. Таъкид гардид, ки соли 2024 дар ҷаҳон шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафар афзоиш ёфтааст ва тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии СММ то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид. Ин рақамҳо моро водор месозад, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар дучанд заҳмат кашем.
Панҷум, дар соҳаи илму маориф бештар ба сифати тарбия, мутобиқгардонии таълим ба стандартҳои байналмиллалӣ, рушди илмҳои дақиқ, зеҳни сунъӣ, натиҷагирӣ аз низоми кредитии таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба китобҳонӣ ҷалб кардани хонандагон, омода кардани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замон, нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон, худшиносиву худогоҳии миллии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Шашум, таваҷҷуҳ ба занон, ҷавонон, маъюбон, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, касбомӯзӣ ва таъмин кардан ба шуғли доимӣ, самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Ҳафтум, нақши муҳимми қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим арзёбӣ гардид. Пешвои миллат таҳлилу такмили ҳамаҷонибаву мунтазами қонунгузорӣ ва иҷрои бечунучарои онро барои амалигардии ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар зарур мешуморанд. Волоияти қонун, таъмини амнияту суботи ҷомеа, кафолати рушди устувор ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Дар ин самти калиди Сарвари давлат ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки дар самти амнияту осоиш ва суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллиро ҳамчун вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир таъкид намуданд. Бамақсади пешгирии омилҳои инсодӣ дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар доир ба рақамикунонии иқтисодиёт, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Ҳаштум, дар Паём мавқеи устувори ҷумҳуриамон дар сиёсати хориҷӣ ва ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаро бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар асоси консепсияи мушаххас, принсипи дарҳои кушод амалӣ идома медиҳад.
Нуҳум, Паёми навбатии Сарвари давлат ҷанбаҳои мафкуравии мутобиқ ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосирро доро буда, моро ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, сулҳу субот, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳифзи ҷомеа аз мафкураҳои экстремистӣ, хурофоту бегонапарастӣ, дастгирии қишрҳои ниёзманд, тарбияи маънавӣ, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, эътимоду боварӣ ба ояндаи дурахшони кишвар дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ҳидят менамояд.
Даҳум, Пешвои миллат барои таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми сокинони кишварро барои вусъат додани корҳои созандагиву ободкорӣ, баланд бардоштани руҳияи миллӣ, ҳувияи миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, корҳои хайру савоб ва масъулиятшиносӣ даъват намуда, соли 2026-ро соли “Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳӣ” эълон намуданд.
Ин хусусиятҳои Паёми Сарвари давлат шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври устувор, тибқи барномаву стратегияҳо ва дигар санадҳои муайянкунандаи рушди давлатдорӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои миллат санади сарнавиштсоз, раҳнамунсоз ва муттаҳидкунанда барои шаҳрвандони кишвар ба шумор рафта, роҳу усулҳои муосири рушди устувору босуботи мамалакатро муайян менамояд. Мазмуну муҳтавои он, дастуру супоришҳои мушаххас моро ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулият, ҳувияти миллӣ, иҷрои рисолати касбиву шаҳрвандӣ, таълиму тарбия насли ояндасози кишвар, омӯхтан, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, самҳгузори дар иҷрои қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа ва дар ин замина боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бо дастовардҳои сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва обрӯву эътибори байналмилалии Ватани маҳбубамон раҳнамун месозад.
Шавкат Шарифов,
Иброҳим Ҷабборзода,
дотсентони Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»