​Паёми Пешвои миллат роҳнамои ояндасоз

Паёми имсолаи Пешвои миллат баёнгари самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, дар рӯзҳое баргузор гардид, ки мардуми шарифи кишварамон 30-юмин солгарди Конститутсияро таҷлил намуда буданд, ки он ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Тибқитаъкиди Роҳбари давлат кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истода, дар ин сол ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Пешвои миллат дар идомаи суханони хеш таъкид намуданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд ва корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.

Сол то сол зиёд шудани маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далели рушди босуботи ватани азизамон буда, ба воситаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод.

Дар идомаи Паём Сарвари давлат дар бобати ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон сухан ронда, таъкид намуданд, ки баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Пешвои миллат дастур доданд, ки то поёни соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар тамоми соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ ба пуррагӣ таъмин карда шавад, зеро ин омил яке аз роҳҳои асосии таъмини шафофияти амалиёти хизматрасонӣ ва баҳисобгирии пешгирии коррупсия мебошад.

Самти дигари таъкидгардида талаботи афзояндаи иқтисодии милӣ ба шумор рафта, ба аҳолии кишвар дар панҷ соли охир додани 80 миллиард сомонӣ аз ҷониби бонкҳои ватанӣ амали шоиставу хайр ва қобили дастгирист. Дар баробари ин Президенти ҷумҳурӣ дастур доданд, ки то охири соли 2027 ин нишондиҳанда ба 100 миллиард сомонӣ расонида шавад ва ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Пешвои муаззами миллат ишора намуданд, ки ватани азизи мо дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар баробари ин роҳҳои ба ин ҳадаф расиданро ишора намуда, таъкид намуданд, кибароивусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Бо назардошти эълон намудани ин сол супориш дода шуд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Инчунин бояд дар тамоми муасисаҳои таҳсилоти олии кишваарбояд кафедраву факултетҳои ба ин самт вобаста ташкил карда шаванд.

Ҳамчунин Президенти кишвар дар бораи самтҳои дигар аз қабили таъмини рушди устувори энергетикӣ, рушди соҳаи саёҳб ва туризм, соҳаи кишоварзӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум, соҳаи маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, сиёсати хориҷии кишвар сухан ронда, дар поёни суҳбаташон ишора намуданд, ки мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаи мо, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошанд. Бинобар ин, ба тамоми мардуми сарбаланду шарафманди мамлакат барои заҳмати аҳлона ва содиқонаву софдилона сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Паёми Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки ҳамеша сарҷамъу мутаҳҳид гардида, кишвари маҳбубамонро содиқона дӯст дорем ва барои пиёда намудани ҳадафу дастурҳо ва супоришҳои Роҳбари давлатамон бо ҳисси баланди миллӣ барои ободиву осоиш ва пешравию рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат бандем.

Комилова Маҳфуза, мудири кафедраи фарҳангшиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ