Паёми Пешвои миллат- роҳ ба сӯи фардои дурахшон
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, бо муждаҳои нав, хусусиятҳои хоси худ, рақаму далел, натиҷагириҳои мусбӣ доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он баён гардид, бо мазмуну муҳтаво аз паёмҳои қаблӣ тафовут дорад.Ин ҳуҷҷати барномавӣ ва раҳнамунсоз дар пояи таҳлили амиқи илмию ояндабинӣ омода гардида, дастовардҳо ва бурду бохти давлати соҳибистиқлоли моро дар тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ, панҷ соли охир ва соли 2024 инъикос намуда, нақшаҳои мушаххасро барои марҳилаҳои минбаъда дарбар мегирад.
Дар Паём самтҳои гуногун, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, ташаккули буҷаи давлатӣ, шуғли аҳолӣ, амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, иқтисоди сабз, иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия, пардохти ғайринақдӣ, инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, ба монанди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, эҳтироми зан-Модар, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, афзудани ҳаҷми маошу нафақа, такмили қонунгузорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва сиёсати хориҷӣ таҳлил гардиданд. Дар самти сиёсати хориҷӣ ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнамо дар доираи созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ кишварҳои ИДМ, СММ, созмонҳои байналмиллалии молиявӣ ва шарикони рушд дар заминаи сиёсати ҳамкориҳои судманд таъкид гардид.
Дар оғоз Пешвои муаззами миллат доир таҷлили бошукӯҳи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2024) ва саҳми меъёрҳои он барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини амният ва суботи кишвар ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки “Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст”.
Сарвари давлат доир ба таъсири нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ, таъкид доштанд, кидоир ба пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо бояд тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Барномаву стратегияҳои дар ҷумҳурӣ қабулгардида, имконият доданд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиёти кишвар инкишоф ёфта, Тоҷикистон ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардад.
Яке аз иқдомҳои муҳими давлату Ҳукумати мамлакат сол аз сол зиёд намудани маоши кормандони соҳаи иҷтимоиёт ва нафақа ба шумор меравад. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар ин давра маоши кормандони соҳаи буҷетӣ 4 маротиба – солҳои 2020, 2022, 2023, 2024 зиёд карда шуда, дар маҷмуъ ба андозаи 100% зиёд карда шуд.
Ин иқдом, ки бевосита барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шудааст, соли 2025 низ идома ёфта, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз, муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.
Инчунин ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, иловапулиҳо ба андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Президенти мамлакат, зимни ироаи Паёмиба парлумони кишвар таъкид доштанд, ки ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар дар панҷ соли охир зиёда аз 197 млрд сомонӣ равона шудааст. Дар се соли охир беш аз 1 ҳазору 500 муассиаҳои таълимӣ, 660 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 470 иншоот дар соҳаи варзиш ва 175 иншооти фарҳангу фароғат бунёд шудаанд. Таъкид гардид, ки саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша низ дар ин самт бузург аст.
Сарвари давлат доир ба саҳми соҳибкорон дар бунёду азнавсозии бинову иншоотҳо, рушди иқтисоди миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 кам карда шуд ва ба мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ бо роҳи такмилдодани меъёрҳои қонунгузории амалкунанда, шумораи санҷишҳо ва муҳлати гузаронидани онҳо боз ҳам маҳдуд карда шавад. Инчунин имтиёзҳои андоз ҳангоми бунёди корхонаҳои нав низ ба инобат гирифта шавад. Ин иқдом барои боз ҳам рушд кардани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя дар мамлакат мусоидат мекунад.
Андоз яке аз сарчашмаҳои асоси буҷаи давлатӣ буда, саривақт ва босифат ҷамъварӣ намудани он барои амалигардии нақшаву барномаҳои давлатӣ нақши муҳим дорад, аз ин лиҳоз Пешвои миллат шаҳрвандони кишварро ба масъулият ва маданияти баланди андозсупорӣ ҳидоят намуданд.
Дар Паёми Сарвари давлат ба масъалаҳои рақамикунонии фаъолияти бонкию молиявӣ, вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди сармояи инсонӣ, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисоси технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар хизматрасониҳои давлатию ғайридавлатӣ, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба мақсади ҷалби аҳли ҷомеа ба ин самт, солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд.
Иқдоми мазкур барои таъмини шаффофияти фаъолияти иқтисодиву молиявӣ, андоз, таъмини қисми даромад ва хароҷоти буҷаи давлатӣ, амалигардии ҳадафҳои олию стратегии мамлакат, пешгирии ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ ва омилҳои коррупсионӣ равона карда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаи сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмиллалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз дорад.
Ба мақсади таъмини кадрҳои баландихтисос дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва технологияи инноватсионӣ Пешвои миллат дастур доданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дар донишгоҳҳои дигари кишвар кафедраю ихтисосҳои мазкур таъсис дода шавад.
Асри XXI, ки замони илму техника ба шумор меравад, бе илму маориф, мутахассисони варзидаи ихтирокору навовар, идеяву лоиҳаҳои муосир рушд ёфтани давлат ва рақобатпазир гардидани он ба таҳдиду хатарҳои мавҷуда ғайриимкон аст. Рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад. Доир ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ Сарвари давлат ба Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар соҳаҳои марбуда дастур доданд, ки “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030”-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз, барномаи мукаммали бо рақамҳои мушаххас пешниҳодшуда доир ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат буда, моро ба ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ, маърифатнокӣ, забономӯзӣ, касбомӯзӣ, эҳтироми волидайн, масъулияти баланд дар касбу вазифа, корҳои хайру савоб, созандагиву бунёдкорӣ, иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтирому ҳифзи фарҳанги миллӣ ва муҳофизати манфиатҳои миллӣ ҳидоят менамояд.
Мо халқи Тоҷикистон бояд аз зиндагӣ дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, пойдор будани суботу оромӣ дар кишвар, Пешвои оқилу маърифатпаорвар доштанамон ифтихор намуда, дар иҷрои вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандиамон бо масъулияти том, садоқат ба Ватану Пешвои муаззами миллат дастуру супроишҳои дар Паём ироагардидаро иҷро намоем ва нагузорем, ки ягон нохалафе ба идеологияи миллӣ, таълиму тарбияи насли ояндасози мо, суботу амният ва пешрафти давлати мо халал ворид намояд.
Ҷабборзода И.Р., н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров