Паёми Пешвои миллат–оинаи рушди иқтисодии давлат

Паёми роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз он, ки дар марҳилаи ниҳоят муташанниҷи ҷаҳони муосир ироа гардид, ба кулли мардуми Тоҷикистон муждаи нек расонид. Аз ҷумлаи он, инкишофи ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 8,4 фоиз, рушди иқтисоди миллӣ 7,7 фоиз, инкишофи сармоягузории давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ, амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум, ки соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод, мебошад. Ба нақша гирифтани рушди иқтисоди кишвар дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз, вазифадор шудани Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030», тадбирҳои мушаххас дар самти пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳост. Таъкид карда шуд, ки новобаста аз фазои сиёсии ҷаҳон марҳила ба марҳила амалисозии ҳадафҳои миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини амнияти давлатӣ, ҳамчун воситаи асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум вусъат дорад.
Боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи ҳукумат ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта равона карда шудааст.
Аз паёми тозабаёни роҳбари давлат инчунин маълум гардид, ки дар давоми 5 соли минбаъда таваҷҷуҳи ҳукумат ба рушди равандҳои инноватсионӣ равона карда мешавад. Зеро бо мақсади истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Аз далелҳои зикршуда маълум гардид, ки Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори иқтисодӣ низ заминаи мусоид гузошт. Инчунин, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳибкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) маҳдуд карда шуд. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.
Таҳлили самти сиёсати иқтисодӣ нишон дод, ки тадбирҳои ҳукумат ва нақшаҳои амалишуда дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар муайян карда шуд. Рушди минбаъдаи соҳаро зина ба зина тарҳрезӣ намуд ва барои фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам овард. Мавриди таъкид аст, ки дар паёми навбатӣ таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шуд.
Мо кулли сокинони кишварро низ зарур аст, ки дар пайравӣ ба тадбирҳои созандаи роҳбари давлат дар ободову пешравии кишвар саҳми худро гузорем. Ду кохи бузурги миллат-Истиқлолу Ваҳдатро бегазанд нигоҳ дорем.
Салимов Эраҷ, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»