​Паёми Пешвои миллат - ҳидоятгари зиндагии шоиста

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат рӯзи 28 - уми декабри соли 2024 ироа гашт. Дар Паёми навбатӣ, роҳбари давлатамон ҷамъбасти ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро барои соли ҷорӣ ва нақшаи соли 2025 - ро пешниҳод намуданд.

Тавре ҳамаи мо шоҳид будем, дар ин Паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар давоми 33 сол, хусусан ворид гардидани кишвари азизи мо ба марҳилаи нави инкишоф ва қадамҳои устувори иҷтимоӣ - иқтисодӣ баён карда шуд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи пешравиҳо, пеш аз ҳама тааллуқ доранд ба неъмати бебаҳо ва дастоварди бузургтарин, ғояи муқаддаси миллӣ, яъне ба озодиву истиқлолият! . Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд карданд: “Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, ҷанги сард, тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”. Ин суханҳо бемаврид баён карда нашудаанд, барои он, ки имрӯз даҳҳо халқиятҳо орзуи онро доранд, ки соҳиби давлату истиқлолият гарданд, аммо ин на ба ҳамаи онҳо мушарраф гардидааст. Ҳастанд чунин қувваҳое, ки фазои мусаффо ва орому осоиштаи якчанд давлатҳоро ноором сохта, мардумро ба таҳлука овардаанд.

Дар Паём роҳбари давлатамон боз як бори дигар оид ба ҳадафҳои пешбинишудаи сиёати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сухан намуданд ва қайд намуданд, ки мардуми мо мисли халқҳои дар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Дар Паём Ҷаноби олӣ иброз намуданд, ки “Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024 - ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 - ум 12 фоиз афзудааст”.

Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд.

Рушди низоми маорифи Тоҷикистон ва расидан ба сатҳу сифати ҷаҳонии таҳсилот яке аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати иҷтимоии сарвари давлатро ба вуҷуд овардааст, ки муҳимият ва аҳамияти махсуси ин масъала дар Паёми навбатии роҳбари давлатамон низ таҷассуми равшан пайдо намуд.

Ба соҳаи пешрафти илму маърифат низ диққату ғамхории худ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбари давлатамон баён намуданд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки дар соҳаи маориф 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ин раванд дар доираи барномаҳои давлатии соҳаи минбаъда низ ифода ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард, қайд намуданд роҳбари давлатамон.

Дар Паём роҳбари давлатамон зикр намуданд, ки агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 - ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот доир намуданд, ки дар ин самт мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳо додаанд.

Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор карда шуд, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Маҳз ба ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, ба нақша гирифта шудааст, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Шоистаи тазаккур аст, ки Паёми Президенти мамлакат воқеан дурнамои рушди кулли соҳаҳои хоҷагии мамлакатро дар маҷмӯи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ таҷассум намуда, фардои босаодат ва зиндагии шоистаро барои мардуми шарифи кишвар эҳё менамояд. Зеро таваҷҷӯҳ ба таҳлил ва ояндабинии маҷмӯи бахшҳои давлатӣ баёнгари он аст, ки баробари таъкид дар афзудани ҳаҷми истеҳсолот ва ҳамзамон маблағгузории давлатӣ барои рушди самтҳои фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятиву хоҷагӣ дар дурнамои ташаккули онҳо низ пешбиниҳои фардосоз ва натиҷаҳои босамару кафолатгари таъмини рушди ҳамаҷонибро асос мегузорад, ки таъмини зиндагонии шоиста барои мардумро таъмин менамояд.

Шукуров Абдуназар, муаллими калони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ