​Паёми Пешвои миллат - ҳидоят ба ояндаи дурахшон

Устодон ва омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ 28 декабри 2023 чун тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тавассути телевизион тамошо карданд. Паёми навбатии Президенти Кишвар самтҳои асосии сиёсати дохила ва берунаи кишварро дар бар гирифт.

Дар дили ҳамаи устодону донишҷўён як ифтихори миллӣ ҳис карда мешуд ва мо аз он ифтихор дорем, ки дар давлати демокративу дунявӣ зиндагонӣ мекунем. Мо соҳиби Ватану забони давлатӣ ҳастем. Мо хеле хушнуд аз он гаштем, ки дар яке аз кишварҳои беҳтарин зиндагӣ ба сар мебарем.Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон инъикосгари сиёсати кишвар дар дохил ва хориҷи он муайян гардида ҳамаи соҳаҳои фаъолияти мардуми кишварро дар бар мегирад.

Аҳолии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии мамлакат: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва саноаткунонӣсаъю кўшиш намуда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.Президенти Ҷунҳур дар боромади худ қайд карданд, ки «Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Дар Паёми имсолаи худ Президенти Кишвар ба омӯзгорон аҳамияти хоса зоҳир карданд. Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагӣ дорад.

Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст.

Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст.

Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад.

Инчунин қайд гардид, ки «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад».

Илму маориф ҳамеша дар мадди назари сарвари давлат қарор дорад.Президент қайд карданд, ки«Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд». Мо боварии комил дорем, ки устодон ҷавобан ба ғамҳориҳои сарвари кишвар кӯшишҳои худро барои баланд бардоштани илму маориф саҳми худро мегузоранд. Чунон чи унвонҷӯи кафедра Холматова Хуршеда санаи 18 декабри соли ҷорӣ рисолаи номзадии худро дар Шӯрои диссертатсионии 6 D.КОА-068 аз рӯи ихтисоси PHD бомуваффақият дифоъ кард.

Ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ диққати махсус дода шуд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Бори дигар, мо устодон ва омўзгорон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуда, барои татбиқ намудани ҳар як нуқтаҳои Паём кўшиш менамоем.

Устодони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ Паёми навбатиро бо сарбаландӣ пешвоз гирифтанд.Устодон ва донишҷўён тавассути телевизон ба таври мустақим онро тамошо карданд. Аз аввалин суханронии Президент маълум гашт, ки он ба беҳбудии ҳаёти шаҳрвандон равона карда шудааст. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароиомўзгорони кафедраи мазкур аҳамияти хеле калон дорад.

Мо аз ғамхории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рўҳбаланд гардида, кўшиш менамоем, ки софдилона меҳнат карда, дар бунёди ҷамъияти демократӣ саҳми худро гузорем.

Раҷабова М. - устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ