Паёми Пешвои миллат ҳамчун заминаи таъмини рушди иқтисодии босуботи Тоҷикистон

Ҳамасола мардуми тоҷик дар тамоми гӯшаву канори дунё Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интизор мешавад. Зеро дар ҳар як паёми хеш Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ибрози ақида намуда, баҳри ояндаи дурахшони кишвари азизамон вазифаҳои стратегиро муайян карда, тамоми мардумро барои фаъолияти пурсамар бо мақсади таъмини пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва дар ин васила баланд намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ равона менамоянд. Аз ин нуқтаи назар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сармашқи фаъолияти ҳар як фарди ватандӯст, ифодакунандаи қутби рушди ояндаи Тоҷикистон баромад менамояд.

Аз мӯҳтавои паёми навбатӣ маълум мегардад, ки Тоҷикистон новобаста ба таасуроти омилҳои манфии дохиливу беруна, оқибатҳои ногувори вазъияти ҳассоси ҷомеъаи ҷаҳонӣ, бо кӯшишу ғайрати содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли сипарушда, соли пурмаҳсул ва бобарор буд. Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд”.

Дар таҳкими сулҳу субот, ва татбиқи саноатикунии босуръати мамлакат, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, имкон фароҳам овард, ки сол аз сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муттасил афзоиш ёбад.

Таҳлилҳо собит менамояд, ки аз соли 2000 то соли 2024, ҳаҷми аслии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 594,1% ва ё наздик 6 маротиба афзоиш ёфтааст (расми 1).


Расми 1. Тағйирёбии ҳаҷми ММД дар солҳои 2000 – 2024 (ба ҳисоби фоиз нисбат ба соли 2000-ум). Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2024.// Агенттии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе – 2024. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2024. Сарчашма: http://president.tj

Таъмини рушди иқтисодии босубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки даромади буҷети давлатӣ дар солҳои охир, бахусус дар соли 2024 бо барзиёдӣ иҷро гардад. Иҷроиши барзиёди даромади буҷети давлатӣ барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакакт ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шавад.

Самаранокии рушди иқтисодӣ бевосита бо ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ муқаррар карда мешавад. Дар соли 2024 ММД ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 2000 наздик ба 47,6 маротиба афзоиш ёфт. Агар дар соли 2000 ММД ба ҳар сари аҳолӣ наздик 300 сомониро ташкил карда бошад, ин нишондод дар соли 2023 тақрибан ба 14282,2 сомонӣ баробар шуд (расми 2).


Расми 2. ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар солҳои 2000 – 2024. Тоҷикистон: 30 соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ)//Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе – 2021. С. 334-335. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2024.// Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе – 2024. С. 214. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2024. Сарчашма: http://president.tj

Муқоисаи ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъд аз ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди иқтисодии мамлакат мутасил давом карда, сатҳи зиндагонии мардум баланд шуда истодааст.

Яке аз самтҳои таъмини рушди иқтисодии босубот ин баланд намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода ҷоиз ба қайд аст, ки даромади пулии аҳолӣ дар соли 2024 нисбат ба соли 2009 (48 млрд сомонӣ), 3 маротиба афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 147 млрд. сомонӣ баробар гардид. Дар ин васила музди меҳнати миёна дар ин давра 2 маротиба ва нафақаҳои ниҳоӣ ба 1,9 маротиба афзоиш ёфтанд. Новобаста ба вазъияти мураккаб ва ҳассоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки болоравии нархҳоро ба молҳои эҳтиёҷоти аввалия дар сатҳи нисбатан мӯътадил нигоҳ дошта, дар соли 2024 сатҳи таваррумро дар сатҳи пешбинишуда, яъне 3,6% нигоҳ дорад, ки яке аз нишондодҳои пастарин дар қатори мамлакатҳои ИДМ ба ҳисоб меравад.

Таъмини рушди иқтисодии муттасил, хусусан аз соли 2000-ум ба ҷомеъаи кишвар шароит фароҳам овард, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз дар соли 1999 то 21,3 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шавад. Умуман тамоюли коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расми 3 ифода карда шудааст.


Расми 3. Тамоюли тағйирёбии сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо ифодаи фоиз). Сарчашма: http://president.tj

Дар ин самт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба амал оварда шуда, ки “ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд”. Дар ин самт албатта густариши фаъолияти самаранок дар ҷодаи амалигардонии барномаву нақшаҳои қабулгардида зарур арзёбӣ карда мешаванд. Коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ албатта бо таъмини суръати баланди рушди иқтисодии босубот вобастагии қавӣ дорад. Зеро бе таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳаҳои саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ паст намудани сатҳи камбизоати имконнопазир мебошад. Бинобар ҳамин аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъмини суръати рушди иқтисодӣ на кам аз 8 фоиз дар солҳои минбаъда таъкид карда шуд.

Дар натиҷаи иҷроиши босамари барномаҳои давлатӣ, фароҳам овардани имкониятҳо, самти иҷтимоиёти буҷети давлатӣ густариш дода шуда, хароҷоти он барои соҳаҳои иҷтимоиёт, алалхусус, илм, маориф, тандурустӣ 42% буҷети давлатиро ташкил додааст. Дар ин самт минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода мешавад. Чунин иқдом дар самти таъмини рушди иқтисодии босубот дар мамлакат саривақтӣ буда, имкон фароҳам меоварад, ки дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ сифати сармояи инсонӣ боз ҳам баландтар карда шуда, баҳри ояндаи неки кишвар ҳамчун омили мусбати назаррас арзёбӣ карда мешавад.

Инчунин дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи босуръати соҳибкорӣ ва соҳаҳои саноат ибрози ақида карда шуд. Татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ имкон фароҳам овард, ки махсусан дар солҳои охир шумораи соҳибкорон муттасил афзоиш ёфта истодааст. Чунин вазъият дар тақвияти соҳибкорӣ дар кишвар маҳз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таъмин карда шуд, ки дар натиҷа тарафи соҳибкорони ватандӯст дар соли 2024 20 ҳазор ҷои корӣ, 1500 иншооти соҳаи маориф, 660 муассисаи тандурустӣ, 480 инооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Баҳри инкишофи соҳаҳои саноат ва амалигардонии стратегияи саноатикунонии босуръати кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро” зарур шумориданд. Чунин пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он бармеояд, ки дар ҳақиқат соҳаи саноат бо дарназардошти навгониҳои техникику технологӣ муҳаррики асосии таъмини рушди иқтисодии босуботи кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин соҳа ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаи иловагии ташаккулёбии даромади буҷети давлатӣ ба миён омада, дар ин замина сатҳи некуаҳволии мардум баланд мегардад. Шаҳодати ин гуфтаҳо чунин нишондодҳо баромад мекунанд: рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2019 тақрибан ду маротиба зиёд гардидааст. Дар соли 2024 дар Тоҷикистон 740 корхонаҳои истеҳсолӣ бо 20 ҳазор ҷоӣ корӣ таъсис дода шудааст.

Доир ба баланд намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ, бахусус ба воситаи таъмини ҷойҳои нави корӣ дар радифи амалигардонии саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки “дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст. Дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода мешавад”.

Аммо чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд “дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд”. Бинобар ҳамин барои самаранок татбиқ намудани раванди саноатикунонии босуръати кишвар зарур аст, ки тамоми иқтидорҳои мавҷудаи соҳа, инчунин ба истифода додани иқтидорҳои нав бо дарназардошти воридоти техника ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ чораҳои муассир андешида шаванд. Дар ин ҷода таҷдиди техники ва технологии соҳаҳои саноат, диверсификатсияи маҳсулоти истеҳсолӣ омилҳои муҳими тараққиёти соҳа ва таъмини рушди иқтисодии босубот ба шумор мераванд.

Яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди иқтисодии босубот ин густаришёбии истеҳсолоти кишоварзӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода дар соли 2024 як қатор натиҷаҳои назаррас таъмин карда шуданд. Аз он ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 млрд сомонии соли 2019 ба 73 млрд. сомонӣ дар соли 2024 афзоиш ётф.

Дар натиҷа соли 2024 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар афзоиш ёфта, барои таъмини бехатарии озуқаворӣ заминаи устуворро таъмин кардааст.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд, ки бевосита барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии босудоти кишвар муосидат хоҳад кард. Инчунин аз 1 январи соли 2025 то 1 январи соли 2027 эълон намудани маратория барои ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ (ба ғайр аз санҷишҳои андозӣ) баҳри рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории саноатӣ муосидат хоҳад кард.

Ҳамаи нишондиҳандаҳои пешрафти соҳаҳои калидии иқтисодиёти миллӣ ва тамоюли афзоишёбии ҳаҷми ММД имкон медиҳад, қайд намоем, ки бо дарназардошти таъмини рушди иқтисодии босубот дар сатҳи 8% солона, мо метавонем тақрибан баъд аз 9 сол ҳаҷми ММД-ро ду маротиба зиёд гардонем, ки дар натиҷа сатҳи зиндагонии мардум боз ҳам баланд гардида, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё мубаддал мегардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида расидан, хоҳиш, омодагӣ ва қобилияти ҳама қишрҳои аҳолии мамлакат барои истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда зарур арзёбӣ карда мешавад.

Алиҷонов Ҷ.А. – д.и.и., профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ