Паёми ояндасози Пешвои миллат

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса, диди нав ва файзу баракати тоза ироа гардид.
Бояд таъкид намуд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти кишварро бесаброна мунтазир буда, аз он умеду боварии калон доштанд. Барҳақ, бо боварии комил метавон гуфт, ки Паёми ояндасозу ҳадафманди Президенти мамлакат ҳамчун чароѓи дурахшон умед ва боварии халқу миллати тоҷикро ба сўи ояндаи неки кишвар боз ҳам мустаҳкаму нерўманд гардонид
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо масъалагузориҳои муҳим ва таҳлилҳои амиқи бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ пешниҳод гардид.
Соҳаи маорифи кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Ҳадафи асосии сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат дар ин самт, таъмини ҳамаҷонибаи рушди сармояи инсонӣ дар кишвари азизамон мебошад. Зеро, таълиму тарбия ҳамчун унсури муҳими сармояи инсонӣ бояд пайваста такмил дода шуда, ба талаботи бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошанд.
Президенти кишвар таъкид доштанд: Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот. Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи маориф ҳамчун як бахши муҳим ва асосии сармояи инсонӣ маҳсуб меёбад. Соҳаи маориф имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дониши зарурӣ ва малакаҳои касбиро пайдо кунанд, ки ин барои амалӣ гардонидани қобилиятҳои худ ва ҳамчунин барои рушди ҷомеа муҳим аст. То чӣ андозае, ки сифати хизматрасониҳои таълимӣ беҳтар бошад, то ҳамон андоза сатҳи сармояи инсонӣ боло меравад ва ҳолати мазкур дар маҷмуъ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сармояи инсонӣ дахл карда, сароғози онро ба соҳаи маориф рабт намуданд. Ҳамчунин, Президенти мамлакат барои таҳкими раванди мазкур тамоми зинаҳои таҳсилотро таҳлил намуда, супоришҳои мушаххас вобаста ба беҳтар намудани шароити созгор ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ба масъулини соҳа доданд.
Пешвои муаззами миллат Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳамасола аз ҷониби ҳукумати кишвар ва соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд мегарданд, ки ин пеш аз ҳама бо мақсади соҳибмаърифат намудани сокинон равона шудааст. Соҳибилму соҳибкасб намудани сокинони кишвар бошад аз ҷумлаи ҳадафҳои арзишмандест, ки зери таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияи Олии кишвар қарор дорад.
Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ҳам бо мақсади рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар мебошад, чунки истифодаи технологияҳои компютерӣ ва рақамӣ, ин омили асосии рушди сиёсати иқтисодии кишварҳои мутараққӣ мебошад ва бечунучаро дар тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи дилхоҳ мамлакат нақши калидӣ мебозад.
Ҳамаи ин ташаббусҳо ва иқдомҳои неки Пешвои мауаззами миллат барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии тоҷику тоҷикистониён буда, ҳадаф аз амалишавии ин нақшаҳо ба яке аз давлатҳои мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азизамон мебошад.
Мо кормандони соҳаи маориф ва илми кишварро зарур аст, ки тамоми дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки дар Паём зикр доштанд сармашқи кори худ намуда, сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, мутахассисони рақобатпазири ба бозорҳои меҳнат ҷавобгӯро омода намоем.
Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Имрӯз барои ҷавонон тамоми имконияту шароити илмомӯзиву касбазкудкунӣ муҳайё гардидааст. Ҷавонони саодатманди кишвар дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, шарафи Тоҷикистони азизамонро баланд бардошта истодаанд.
Ҳамзамон, боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси яке аз фаъолтарин кишварҳои олам дар самти мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ҷумҳуриро зарур аст, ки барои иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идомаи “муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир”, дар маҷмуъ, барои таъмини амнияти миллӣ саъю кӯшиш бештар ба харҷ диҳад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки имрўз моро зарур аст, ки бояд ба хотири ободу зебо гардонидани кишвар ва некўаҳволии халқамон софдилона бо ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳӣ меҳнат намоем.
Ин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахси ватандўсту худогоҳи халқу миллатро водор месозад, ки баҳри эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 35 – солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва ниятҳои поку беғараз аз сидқи дил хидмат намуда, дар рушду нумуи босуръати халқу кишвар саҳми босазои худро гузоранд.
Дилрабо Юнусова, мудири кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров