Паём – заминаи рушди саноатикунонии босуръати кишвар

Дар раванди амалигардии ҳаёти ҷомеаи халқу миллат Паём ҳамчун пешбарандаи соҳаҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар машъали фурӯзон, фишанги доимамалкунанда баромад намуда, барои амалӣ намудани нақшаю вазифаҳои дар пешгузошташудаи имрӯзу фардо, хусусан мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва дар навбати худ пешниҳоди ҳамагон гардонида мешавад.
Аз ин рӯ Паёми навбатии Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳамаи он имконияҳои мавҷуда дар заминаи ғояҳои баланди бунёдкориву созандагӣ асос ёфта, асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва аҳли ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсули самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Дар он ҳамаи муаммоҳои соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар баррасӣ ва роҳҳои пешбурди он бо талаботи замон баён карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки Паём хуҷҷати асосии стратегии тамоми ҷабҳаҳои ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, вазифаҳо ва нақшаҳои дар пешистодаро бо дарназардошти мушкилоти мавҷуда матраҳ менамод. Ҳамзамон амалӣ ва бартараф намудани онҳоро низ пешкаши масъулин ва сокинони кишвар пешниҳод менамояд. Дар ин раванд, чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.”
Хусусияти дигари Паёми ироагардида дар он аст, ки ба соҳаи иқтисодиёт таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар пешниҳод гардид, ки “Дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.” Ҳамаи ин масъулинро водор менамояд, ки барои пешбурд ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои ҳукуматии мамлакат ҳамаи имкониятҳоро истифода намуда, иқтисодиёт кишварро рушд намоянд. Зеро рушди иқтисодиёти кишвар аз фаъолияти аҳли ҷомеа вобаста буда, барои некӯаҳволии аҳоли мусоидат менамояд ва ин аз нақшаву корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати халқу миллат мебошад.
Дар низоми ҷомеаи ҷаҳон рақамикунони соҳаи иқисодиёт нақши асосиро бозида, боиси рушди иқтисодиёти кишварҳои мутарвққӣ гардидадаст. Аз ин рӯ рақамикунонии иктисодиёт дар кишвар яке аз нақшаҳои дурнамои мамлакат ба шумор рафта меҳвари Паёми навбатии Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд, ва ин ҳам бошад барои рушди иқтисоди сабз ва ҳам ба беҳтар гардонидани соҳаи иқтисоди кишвар мусоидат намуда, сатҳу сифати зиндагии мардум, буҷҷети кишвар, баланд гардонидани маоши кормандони соҳаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар ин маврид Роҳбари Олии мамлакат пешниҳод намуданд, ки барои амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи минбаъда чораҳои зеринро пешниҳод намуданд:
“Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.”
Ҳамаи ин пешниҳодҳои зикргардида барои пешрафти тамоми шаклҳои ииқтисодиёти кишвар мусоидат намуда, кишварамонро ба Ҷумҳурии саноатӣ, ки ҳадафи чоруму мамлакат мебошад, табдил медиҳад. Дар ҳама ҳолат иқтисодиёт омили пешрав ва рушди тамоми дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Зеро дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.” Ин худ далели он аст, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба, дар маҷмӯъ 100 фоиз зиёд гардид. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо маҳз аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумату роҳбаии олии он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати халқу миллат буда, минбаъд созандагиву бунёдкорӣ аз тамоми сокинони кишвар талаб менамояд.
Бо назардошти қабули ҳадафи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръат то имрӯз дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки барои пешрафти мамлакат ва иқтисодиёт он нақши калон гузошт. Чуноне, ки зикр гарди дар Паём “Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст”. Ҳамаи ин бо қабул гардидани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ба даст омад. Аз рӯи амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ низ барои пешбурд ва бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва ҷои корӣ мусоидат менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки зимни ироаи Паём дастур дода шуд, ки баланд бардоштани маоши коргарони соҳаи буҷетӣ, аз ҷумла: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад”. Барои ҳамаи ин нишондиҳандаҳои дар боло зикргардида маҳз бо қабули “Саноатикунонии босуръати мамлакат”, ки соли 2018 дарПаёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд мусоидат намуд. Барои ҳамин ҳам амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ низ ин равандро боз ҳим босуръаттар менамояд.
Омили дигари пешбурди иқтисодиёт кишвар ин аз бунёди неругоҳҳои барқии обӣ вобаста мебошад, ки дар ин самт низ Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид намуданд, ки “Дар соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шаванд”. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ бо “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, “Саноатикунонии босуръати кишвар”, “Иқтисоди рақамӣ”, “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ” Тоҷикистонро ба кишвари соноатӣ табдил дода, ҳаҷми маҳсулоти дохилиро афзоиш, сатҳу сифати зиндагии мардумро беҳтар менамояд. Инчунин сатҳи воридотро кам намуда, кишварро ба ҷумҳурии содиротӣ оварда марасонад.
Аз ин хотир Паём – заминаи рушди саноатикунонии кишвар ба шумор рафта, барои рушти босуръати иқтисоди миллӣ, амнияти иқтисодиву озуқаворӣ ва ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Маҳз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз дастовардҳои беназири давлат мужда медаҳад ва дар навбати худ нақшаву ҳадафҳои дар пеш истодаи кишварро барои солҳои минбаъда пешниҳод менамояд. Бинобар ин, Паём пешбаранда ва рушдиҳандаву бунёркириву созандагист, ки аз он аҳли ҷомеа илҳом гирифта, барои пешрафти давлату миллат ва ҷомъият камари ҳиммат баста, Ватанро ба сатҳи балади рушду нумӯ росонидан нақшаи кории худ намуда, ҳадафҳои пешниҳод гардидаро амалӣ менамоянд.
Аюбов Ҳаётулло, Исматова Лола, омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров