ПАЁМ ВА МУТТАКОИ ФАРҲАНГИИ ОН
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд, Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Ҷалолиддини Балхӣ
Муҳаққиқон имрӯз бар он ақида ҳастанд, ки давоми ҳазорсолаҳо таъриху тамаддуни инсоният ба ҳар халқу миллат ашхосеро эҳдо менамояд, ки он вуҷуду ҳастии хешро барои сарнавишти некуихалқу миллаташ мебахшад. Имрӯз пирони рӯзгордида ва олимони орифи тоҷик ин ақидаро комилан мусаллам ҳастанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ин шахсон ба шумор меравад.
Аз дидгоҳи мо яке аз вижагиҳоимуҳҳими Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ин Марди Роҳи Хираду Одамият пайваста ба як нуқта, хиради азалию абадии тоҷикон, фарҳанги асил, одамият, меҳнатдустӣ, фарҳангсолорӣ такя намуда, тамоми ташаббус ва иқдоми хешро маҳз аз ҳамин поя-пояи хирад, дониш, фарҳанг ва инсондӯстӣ месозад.
Такя ба фарҳанги асил, такя ба хиради пок, зиндагисозӣ ва инсонсозии миллати тоҷик, муқаддамтаринсиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Моҳият ва ҳикмати зиндагии инсонро Марди Роҳи Хирад, дар муттакои миллати куҳанбунёди хеш ба таври содаву оддӣ чунин иброз намудаанд: « ....шаҳри Душанбе бесоҳиб монда буд. Якум коре, ки ман кардам ин буд, ки вазъияти олимон бениҳоят вазнин аст, ҳар руз яктогиашонро мебурданд, мекуштанд ва ман дар ин шароити вазнини сиёсиву иқтисодӣ ба олимони кишвар ба миқдори 100 доллари Амрико стипендия муайян намудам, то ин ки онҳо аз меҳани азизамон дур нараванд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити кунунии вазъи сайёра, рушди бемайлони илм, техника ва технология, инкишофи зеҳни сунъи сухан ронда, миллати тоҷикро ба роҳи аз бар намудани илмҳои дунявӣ, техникаи муосир ҳидоят намуда, бо чунин мазмун гуфтанд: «...Ман боз мегӯям, ки ба хурофот миллат пеш намеравад. Мо дар куҷо қарор дорем? Боигарии мо берун рафта истодааст. Он кишварҳое, ки технология ихтироъ менамоянд, ба касе муҳтоҷ нестанд. Имруз бинед, оилаҳое, ки ҳунарманд ҳастанд, чӣ гуна зиндагӣ доранд? Оилаҳое, ки бесавод ҳастанд, чи гуна ҳастанд...Худованд ба инсон чашм додааст, ақл додааст. Аз ин дунё истифода баред. Худованд инсонро танҳо барои мурдан ҳаст накардааст, ҳаст кардааст барои зистан, аз ин дунё баҳра бардоштан... Имруз вақте расидааст, ки мо тоҷикон бояд илм омузем, касб аз худ намоем, техникаву технологияро азбар намоем».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи илму маърифат, саводу донишро дар ҳаёти инсон ногузир ҳисобида, аз ҷумла иброз намуданд: « Бинед! – Илм чӣ аст?, Савод чӣ аст?Ба падару модарон, омӯзгорон бори дигар муроҷиат карда мегуям, ба тарбияи фарзандон аҳаммияти ҷиддӣ диҳед! Ояндаи миллат аз он вобаста аст. Агар мо хоҳем, ки ватани обод дошта бошем, бояд насли наврасу ҷавон босавод бошанд. Агар ҷавонон бесавод монанд, ҷомеа ба ҷаҳолат меравад...».
Бо мақсади тарбияидуруст ва мукаммали насли наврас ва ҷавонон дар самти яке аз рукнҳои муҳимми фарҳанг – дин, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуданд, киҚуръонро тарҷума намудем,гиред хонед! Онпанд аст, ҳикмат аст.
Аз дидгоҳи мо мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан дар такя ва пойдевори фарҳанги асили миллати тоҷик сохта шудааст ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва нигоҳдошти ин ганҷинаи ниёгон тамоми илму дониш ва малакаи хешро сипарӣ менамоянд.
Ба хотири эҳё, рушду нумуъ ва ғановати фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик, чунин тадбирҳои некӯ пешниҳод карда шуд:
– 11-мавзеъ, аз қабили: ноҳияҳои Ҷалолидиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Ховалинг ва амсоли он ба феҳрасти Юнеско ворид карда шуд;
– эътироф намудани шаҳри Панҷакент - ҳамчун шаҳрии фарҳангӣ дар солҳои 2026-2027;
– барои ҳифзи мероси фарҳангии худ – аввалин донандаи илми мусиқӣ Борбади Марвазӣ тадбирҳо андешида шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба тамаддунимиллати шарифи тоҷик назар андухта, бо итминони комил иброз намуданд, ки ориёиҳо ба ҷаҳониён оину суннат, Навруз, Сада, давлатдориро ба мерос гузоштаанд. Таърихи Наврӯз беш аз 6000 солро дарбар мегирад. Наврӯз ба ягон дин тааллуқ надорад. Гузашта аз ин мо бояд ифтихор дошта бошем, ки « Гуфтори нек, Кирдори нек, Пиндори нек» – арзиши бузурги инсонӣ – шиори зиндагии мо аз қадимулайём то кунун аст. Меҳргон, Сада, Тиргон, Наврӯз анъанаҳои гузаштагони орёии мо, асоси ҳувияти мо тоҷикон мебошад.
Бо ҳамин иқдомҳои некӯ, дар такяву ифтихор аз миллати куҳанбунёди тоҷик, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис намудани Маркази тамаддуни ориёӣ сухани хешро дар ин самт ба итмом расониданд.
Мо қишри зиёии кишвар қабл аз ҳама аз чунин миллати фарҳангсоз, илмдӯст, меҳнатдуст, миллати бо ору номуси хеш ифтихор намуда, донишу хирад ва ҳастии хешро барои нигоҳ доштани ганҷи бебаҳо чун сулҳ, оромӣ, ваҳдат, пояндаву бегазанд нигоҳ доштани хазинаи тиллоии ниёгонамон дареғ намедорем. Насли ояндаи миллатро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намуда, ба онҳо Тоҷикистони зебову фарҳанги ниёгонро ба мерос мегузорем.
Ҳайитбоева Муқаддас,
муаллими калони кафедраи
умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ