Паём – таъминкунандаи шароити зиндагии арзанда

Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи таззоди мафкуравии ҷомеа ба миён омада сабаби парокандагии миллат, нобасомониҳо ва низоъҳои дохилӣ гашта кишварро ба даҳсолаҳо ќафо гузошт. Аз сўйи дигар, ин омилҳо дар баъзе аз ќишрҳои ҷомеа заминаи раднамоии фарҳангӣ аҷдодӣ ва парастиши фарҳанги аҷнабӣ гардида, ҷомеаро ба порчаҳо ҷудо менамуданд.

Хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва таъмини якпорчагии мардум яке аз заминаҳои асосии барои рушду нумўъ дар солҳои минбаъда мебошад.

Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «…Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян сохтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон равона шуда, он ифодакунандаи муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар ҷомеа ва заминаи ташаккулёбӣ барои ҳаёти арзандаи ҳар як шаҳрванди муќими сарзамини биҳиштосо мебошад.

Маҳз заҳмату талошҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тадриҷан муносибатҳои иҷтимоӣ ташаккул ёфта ба ҳаёти тоҷикистониён рангу таровати наве бахшид.

Коркарди стратегияи дурнамойӣ рушди давлат яке аз пояҳои асосии тараќќиёт дар солҳои минбаъда гардида, барои мардум зиндагии бомаромро муайян намуд. Аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмин ва захираи озуќа ба аҳолӣ ва ба даст овардани истиќлолияти энергетикӣ имрўзҳо аз самтҳои муҳими давлат буда, ба давраи нави муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ гузаштани Тоҷикистони соҳибистиќлолро муайян кардааст.

Чӣ тавре ки дар Паём Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Агар таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар Паёмҳои солҳои пеш ба вазъи дохилии кишвар бештар бошад, пас дар ин сол заминаҳои пешравии давлатамонро ба нооримию низоъҳо дар тамоми минтақаҳои олам, ташаннуҷи мухолифатҳои сиёсӣ, таҳримҳои кишварҳои абарқудрат оғози “ҷанги сард”, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодии кишварҳоро рабт намуда, аз омилҳои манфие медонанд, ки минбаъд метавонад ба кишвари мо низ таъсири амиқи хешро таҳвил диҳанд ва барои пешгирӣ аз ин гуна носозгориҳо андешидани тадбирҳоро саривақтӣ меҳисобанд.

Дар ин мазмун Пешвои миллат масъалаи амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиётро дар кишварамон аввалиндараҷа медонанд. Зеро ҳадафи олии сиёсати Пешвои миллат ин зиндагии шоистаи тоҷикистониён новобаста ба ҳамагуна шароитҳои ба миёномада мебошад.

Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз боло рафтааст, ки он тамоми ҷодаҳои иҷтимоиву иқтисодиву фарҳангии кишварро фарогир мебошад.

Фақат дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шудааст, ки аз баланд гардидани вазъи некӯаҳолии кишвар нисбати солҳои баъдина аст.

Ҳанўз зимни Суханронии хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 20 солагии Истиќлолияти давлатӣ (8 сентябри соли 2011) ќайд карда буданд, ки дар «тўли даҳсоли охир зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблаѓи умумии 12 миллиард сомонӣ ва 200 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустаќим амалӣ шудааст». Маҳз ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ барои сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, коркарди металлҳои ќиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва коркарди канданиҳои фоиданок дар ҳудуди ҷумҳурӣ сарчашмаи баланд бардоштани соҳаҳои иҷтимоии ҷомеа ва яке аз ҳадафҳои асосии давлат маҳсуб меёбад.

Имрўзҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба баланд шудани буҷети давлатӣ асос гузошта, барои некўаҳволии мардум шароитҳои мусоид ба бор овардааст. Бо шарофати ин корҳо ҳазорҳо нафар бо кор таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан боло рафта, дар байни ноҳияҳову минтаќаҳо дўстиву рафоќат ва якпорчагии мардум ба миён омадааст.

Акнун ҷалби сармояи хориҷӣ торафт кам гардида, барои истеҳсолоти сармояи дохилии кишварамон ба ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ нигаронида шудааст. Чӣ тавре ки Пешвои миллат қаёд менамоянд: “Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.

Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст”.

Баланд бардоштани соҳаи маориф яке аз масъалаҳои муҳим ва ояндаи давлат маҳсуб дониста шудааст. Дар баробари ин тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат нисбати ќадрдонӣ ва ҳавасмандкунии муаллимон, муайян кардани имтиёзҳо, андешидани чораҳои созанда барои кадрҳо имконият фароҳам овардааст, ки муаллим рисолати хешро содиќона адо намуда, ҷавононро дар руҳияи ватандўстиву садоќатмандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намояд.

Соҳаи маориф яке рукнҳои асосии рушд ва ояндасози кишвар аст. Бояд зикр намуд, ки дар бештари кушодашавии муассисаҳои таълимӣ худи сарвари давлат ширкат варзида, барои ҷалби ҷавонон ба донишандўзӣ ҳар сол дарси Сулҳу Ваҳдат гузаронида аз ҳолу аҳволи ҷавонон аз наздик шинос мегарданд.

Дар соҳаи Маориф чуноне ки Пешвои миллат қайд намудаанд ҳоло зиёда аз 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолиамон 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат гувоҳӣ медиҳад. “Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд”.

Агар соли соли 1991 ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият намояд, пас миқдори ин муассисаҳо ба 48 ва теъдоди донишҷӯён зиёда аз 214 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бо баробари зиёдшавии аҳолии кишварамон масъалаҳои маориф торафт афзудааст, ки инро Пешвои миллат амиқан дарк намуда, баҳри пешгирии ин соҳа аз буҳронҳои маънавӣ тамоми ҷидду ҷаҳди хешро равона сохтаанд. Ҳанӯз дар тсолҳои 90 уми асри гузашта зарурати Маорифро яке аз омилҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд, ягона, дунявӣ ва демократӣ дониста қайд намуда буданд, ки “МАн дар сиёсати худ Маорифро дар ҷои аввал мегузорам!”

Имрӯзҳои ғамхориҳои пайгиронаи Пешвои миллат нисбат ба кормандони Маориф гувоҳи онанд. Бинобар ин супориш дода шуд, ки “Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд”.

Фақат дар “се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диќќати мардумро ба масъалаи зарурати кадрҳои баландихтисос дар тамоми ҷодаҳои тараќќиёти кишвар ҷалб намуда, аз Вазорати маориф ва илми кишвар даъват ба амал оварданд, ки «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диќќати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем».

Аз ин хотир азхудкунии илмҳои муосир барои хонандагону донишҷўён аз омўзиши забонҳои хориҷӣ ва ҷалби ҷавонон ба фанҳои даќиќ оѓоз мешавад. Махсусан, диќќати ҷиддӣ додан ба касбомўзии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рўҳияи донишомўзиву меҳнатдўстӣ ҳамчун яке аз арзишҳои волои инсонӣ баҳогузорӣ гардид.

Дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини муассисаҳои таълимиро бо мутахассисони баландихтисос яке аз рукнҳои пешравии ҷомеа донистаанд.

Абдулатипов У.Ҳ. – дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Зайнидинова Ш.Ф. – муаллими калони кафедраи химияи органикӣ ва амалии факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ