ПАЁМ ТАҲКИМГАРИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Паёми Пешвои миллат Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 таҳкиму тақвияти худшиносии миллиро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод. Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ пояи устувори суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Бедорсозии худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаккули ҳувияти миллии устувор дар роҳи пойдории Ваҳдати комил ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи сиёсӣ ва фарҳангӣ муҳим аст. Аз ин ҷост, ки баҳри истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад. Худшиносии миллӣ заминаи ваҳдату ягонагӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву бунёдкорӣ, иттиҳоду ҳамдилӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Пойдории адолат, хирад, накӯкорӣ, сарбаландиву некномӣ низ аз худшиносӣ аст. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ тадбири муҳимму таъхирнопазир дар раванди бошиддати ҷаҳонишавӣ мебошад.
Усули босамари баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ҳувияту ягонагӣ, ташаккули тафаккури сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, бархӯрдорӣ аз таъриху фарҳанги миллӣ, поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ, ҳифзу эҳёи урфу одат ва анъанаҳои аҷдодӣ мебошад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат заминаи асосӣ гузошта шудааст. Аз ҷумла, таълифи осори «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» бевосита аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбири муҳим ва манфиатбахш мебошад. Инчунин, аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва тақдим гаштани он ба ҳар як хонадон дар кишвар ғамхории Роҳбари давлатро ба тақдири миллат ва ояндаи дурахшони кишвар нишон медиҳад. Осори ниёгони мо хазинаи бебеҳою пурғановат, арзишманду беназир аст. Рӯ овардан ба ин махзани гаронбаҳо қадами устувор дар ташаккули хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи сиёсӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, инсондӯстӣ, маърифатӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, таҳаммулпазирӣ ва тафаккури интиқодӣ аст. Чун ҷавонону наврасон ба ин осор рӯ оваранд, вориди баҳри беканоре мегарданд, ки ҳар сатраш манбаъи ифтихору сарфарозӣ аст. Агар аз як тараф донишу хирад ва заковату дурандешӣ сарчашмаи ифтихори мо бошад, аз тарафи дигар, воқеаву ҳодисот, шуғлу фарҳанг, илму ҳунар, маҳорату истеъдоди ниёгони мо, ки дар осори мутафаккирон инъикос карда шудааст, мояи ифтихору сарфарозист. Чунин манбаи ифтихорӣ ҳисси худшиносиро баланд мебардорад, фарзандони арҷгузор ба урфу одат, анъанаҳои миллӣ тарбия менамояд ва онҳоро барои пайравӣ кардан ба аъмоли нек, номбардору ифтихори миллат гаштан водор месозад. Зеро чун ҷомеа аз илму маърифат баҳравар гардад аз мақому манзалат ва арҷмандии хеш огоҳ мешавад ва ҳисси хештаншиносиву ифтихормандиаш боло меравад.
Тадбирҳои пешгирифтаи ҳукумат, барномаву старатегияҳо, эҳёи маросиму ҳунарҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, гиромидошти бузургону мутафаккирон, таълифи осори илмӣ, таърихӣ, ташкили озмунҳои таҳкимкунандаи худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ заминаи устувор гузошт. Воқеан, сиёсати давлату ҳукумат дар самти таҳкими худшиносии миллӣ аллакай шоистаи таҳсин аст. Дар соли таҳкиму тақвияти худшиносии миллӣ бошад, тадбирҳои бешумор анҷом хоҳад ёфт, ки барои рушди давлати миллӣ муҳим мебошад.
Эҳтиром ба қонун, давлат ва ҷомеа, таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ғурури миллӣ муқовимат ба бегонапарастӣ ҳамчун пояи асосии суботи сиёсӣ ва инкишофи давлати миллӣ бояд вазифаи муҳими ҳар як сокини кишвар бошад. Мардумро зарур аст, ки моҳияти ин гуфтаҳои Пешвои миллатро аз Паёми соли 2025 хуб дарк намоянд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад». Донишу савод, касбу ҳунар, меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ аз омӯзиши осори таърихӣ, адабӣ, бадеӣ, илмӣ, аз пайравӣ ба суннату касби аҷдодӣ, бархурдорӣ аз корнамоиву ҷонфидоиҳои қаҳрамонони миллӣ ибтидо мегирад. Аз ин рӯ, қадами аввали таҳкими худшиносии миллӣ аз назари мо омӯзиши осори мутафаккирон аст, ки бояд ҷавонону наврасони моро ҳадафи асосӣ бошад. Онҳо бояд аз ҳар суҳуфи таърих ибрат гиранд, корнамоиву хидматҳои қаҳрамонони милливу давлатиро сармашқи кори хеш қарор диҳанд. Ояндаи давлату миллатро муҳофиз бошанд, кафили осудаҳолии модарону хоҳарон гарданд. Ҳамеша рушддиҳандаи давлати миллӣ, истиқлоли сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ буда, бо ин роҳ теша ба решаи хурофоту бегонапарастӣ зананд.
Қадами дигар дар ин самт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аст. Ҷавонон бояд касби ниёгони хешро омӯхта, сайқал диҳанд ва барои интиқоли он ба наслҳои минбаъда саҳмгузор бошанд. Бо суннатҳои неки аҷдодӣ, хунарҳои нотакрори ниёгон муаррифгари симои Тоҷикистони тамаддунофару соҳибфарҳанг дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд. Эътимоди Пешвои миллатро арзандаву сазовор бошанд, ки манбаъи илҳом ҳам ҳаст. «Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам». Чунин таъбир аз як тараф ғамхории доимии Пешвои миллатро ба ояндаи кишвар нишон диҳад, аз тарафи дигар миллатдӯстии Роҳбари давлатро нишон медиҳад, ки сарчашмаи он эътимоди қавӣ ба иродаи устувори миллӣ аст.
Иҷрои сарбаландонаи қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мо, ки дар Паём чунин оварда шуд: «...мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем» бояд аз ҷониби ҳар қишри ҷомеа ба иҷро расонида шавад. Ба назари мо иҷрои чунин вазоиф низ аз ғурури миллӣ, ҳисси баланди худшиносии баланди миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои мардумӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, мо сокинони кишварро зарур аст, ки дар таҳкиму тақвияти худшиносии миллӣ камари ҳиммат бандем. То бо донишу хирад, илму ҳунар, корнамоиву ихтироъкорӣ, ободониву бунёдкорӣ фарзанди фарзонаву барӯманд ва некному сарбаланди миллат гардем.
Салимов Эраҷ,
муаллими калони кафедраи
умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ