​Паём: рушди маориф пирӯзии ҳар як давлат

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ироа мегардад, дар низоми давлатдории замони соҳибистиқлолӣ чун ҳуҷҷати барномавӣ барои имрӯз ва фардои кишвар шинохта шудааст. Санаи 28-уми декабри соли 2024 дар толори бинои наву хуштарҳи “Парлумон”-и Маҷлиси Олӣ Паёми навбатӣ бо фарогирии масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии мамлакат, таҳлили фаъолият ва вазифагузориҳо бо мақсади таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷиҳати рушди устувор ироа гардид.

Дар Паём масоили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ аз ҷумла илму маориф, ҷавонону занон ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар Паёми имсола низ ба самти илму маориф эътибори ҷиддӣ дода,

зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор доштани ин соҳаи калидӣ ва муҳимияти ин соҳа барои ояндаи устувори давлат зикр ёфт.

Дастур дода шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии кормандони соҳаи маориф маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1-умисентябри соли 2025 30 фоиз вадигар муассисаҳоисоҳаи маориф, илм, стипендияҳо20 фоиз зиёд карда шавад. Дар Паём зикр гардид, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Дар ҳақиқат, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ намудани ихтироот, мустаҳкам гардидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷалби васеи истеъдодҳоиҷавон ба омӯзишизабонҳо ва технологияҳоимуосир аз вазифаҳоимуҳимисоҳаи маориф маҳсуб меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд. Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ” таъсис дода шавад. Гуфта шуд, ки таъсис додани Донишгоҳи мазкур ин тақозои замон буда, пойгоҳи тайёр намудани мутахассисони самти мазкур мегардад. Ва ҳамчуниндастур дода шуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шаванд.

Барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва тибатшиносӣ роҳбарону масъулини соҳаи маорифро вазифадор намуданд. Алҳолдар соҳаимаорифи кишварҳашт барномаидавлатӣ, ду стратегия татбиқ шуда истодааст, ки баҳрирушду инкишофитаълиму тарбия , амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии омӯзгор, таълификитобҳои дарсӣ мусоидат менамоянд. Ин далели равшани таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба соҳаи маориф ва кормандони он баҳри таъмини рушди неруи инсонист.

Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа маҳсуб меёбад.Мо - аҳли маориф дастуру супоришҳои ҳадафмандонаиСарвари мамлакатро сармашқифаъолияти хеш қарор дода, минбаъд низ ба хотири ободии Ватан ва гул –гулшукуфоии Тоҷикистони маҳбуб тамоми дониш ва маҳорати хешро равона намуда, насли шоистаи ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия менамоем.

Ӯғулой Қосидова, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ