​Паём роҳнамои мост

Чанде қабл Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” сурат гирифт, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии кишвармавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баромади хеш сарвари давлат пеш аз ҳама он ёдовар гардиданд, ки“ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави таррақиёти худ қарор дошта, ба амалӣ намудани стратегияву барномаҳоииқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст”. Ин нукта бори дигар эътимоду боварии моро бар он дучанд месозад, ки замоне фаро расидааст ҳар яке барои рушду шукуфоии кишвар сайъу талоше намоем ва дар ободониву бунёдкорииВатани маҳбуб саҳми хешро бигузорем.

Масъалаи муҳими дигаре, ки аз ҷониби сарвари давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин амалисозии ҳадафҳои миллиамон пеш аз ҳама амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Бешак имрӯз кишвари мо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, рушди иқтисоди миллӣдар ҳама соҳаҳо ба назар мерасад.

Таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.Тавре дар Паёми хеш сарвари давлат зикр намуданд, танҳодар 3 соли охирдар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф , яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣбунёд гардидаанд. Чунончи:

“... Дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаимаориф,яъне муассисаҳоитомактабӣватаҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.

Беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёнаро сарвари давлат дар баромади хеш ёдовар шуда, ба стандартҳои ҷомеаи муосирмувофиқ намудани раванди таълиму тарбияро низ дар ин даврони ҳассоси таърихӣ муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуданд. Бешак рушди илму маориф яке аз омилҳои асосии пешрафти ҳар як миллату давлат ба шумор рафта, василаи асосии боло рафтани сатҳи зиндагии мардум низ ба шумор меравад.

Тавре дар пайём ишора гардид, танҳо тайисолҳоисоҳибистиқлолӣдаркишвар3670муассисаинавитаҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

“Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст”.

Тарбияи афроди донишманду ихтирокор дар ҳама давру замон муҳим ва зарурӣ арзёбӣ мегардад, киин бесабаб нест зеро ҳама маҳз илму дониш ва афроди донишманду соҳибмаърифат боиси боло рафтани обруву нуфузи ҳар миллату кишвар мегарданд. Ин нукта аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб таъкид гардида, ки “дар ҷаҳони муосир танҳо, ки кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашондорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.

Воқеан маҳз ихтирооти олимону донишмандон дар солҳои охир боиси рушди иқтисодиёти ҷаҳон гардида истодааст ва аммо ин ҳам ҳанӯз анҷоми кор нест. Ҷаҳон имрӯз дар ҳолати рушди бемайлон қарор дорад ва пешрафти илму техника ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъсири худро расонида истодааст.

Низоми пардохтҳои ғайринақдӣ чун яке аз омилҳои асосии татбиқи самаранокии сиёсати андозу буҷет дар замони муосир нақши муҳиму назаррас дорад. Тайи чанд солест, ки дар кишвари мо низ ин низом ҷорӣ гардидааст, тавре мушоҳида мегардад, марҳала ба марҳала ҷомеа ба он мутобиқ шуда истодааст. Аммо, дар ин замина нуктаеро бояд илова намуд, ки ин раванд аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талаб менамояд, ки ба хотири баланд бардоштани маърифати молиявии хеш сайъу талош намоем.

Тоҷикистон кишвари афсонавист, ин аст, ки ҳамасола ба сарзамини мо сайёҳони зиёде ташриф меоранду аз он ҳама табиати нозанини он дидан менамоянд. Дар паёми имсолаи сарвари давлат боз бори дигар ба масъалаи рушди сайёҳӣ дар кишвар таваҷҷӯҳ карда шуд. Чунончи, “Ҳукуматимамлакатрушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад. Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст. Вале нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест. Дарбаробариҷалбисайёҳонихориҷӣбарушдисайёҳиидохилӣнизбояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад”.

Таваҷҷӯҳи сарвари давлат ба ин масъала бесабаб нест, зеро маҳз рушди сайёҳӣ имрӯз метавонад боиси рушди иқтисоди миллӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ гардад.Дар баробари рушди сайёҳӣ ба масъалаи сайёҳии дохилӣ низ таваҷҷӯҳ карда шуд. Бояд зикр намуд, ки воқеан рушди сайёҳии дохилӣ низ яке аз он масоилест, ки бояд сари он ҷиддӣ андеша карду амал намуд. Сайёҳии дохилӣ яке аз бахшҳои муҳими рушди сайёҳӣ ба шумор меравад. Замоне расидааст, ки таваҷҷӯҳ ба ин бахш низ бояд ҷиддӣ сурат бигирад, зеро кишвари мо аз мавзеҳои таърихӣ ва осорхонаву муассисаҳои таърихӣ бой аст. Аз ин лиҳоз агар тамошоҳои оммавӣ аз ҳар гушаву канори ҷумҳурӣ ташкил карда шавад хуб мешуд.

Ҷолибтарин нуктаиПаём он буд, ки “мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистародоранд”. Ин аст, ки ин таъкиду ин паёми Пешвои миллат ҳар яки моро боз неруву қуввати тоза бахшида, моро вазифадор менамояд, ки барои ободиву созандагӣ ва бунёдкориҳо дар кишвари маҳбуб беш аз пеш талош намоему барои зиндагии шоиста сайъу талош варзем.

Дар маҷмӯъ, Пайёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Э.Ш.Раҳмон чун роҳнамо назди ҳар яки мо вазифаҳо гузошта, моро водор менамояд, ки барои ободиву шукуфоии ин Ватани маҳбуб ҳамеша сайъу талош намоем.

Абдуқодир Шехов дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ