Паём - раҳнамои ояндаи нек

Воқеан, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳамасола чун анъанаи миллӣ ва тақдирсози миллат ва китоби рӯйи мизи ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ мебошад, ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд.
Паёми Пешвои миллат, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, саршори нуқтаҳои муҳим, андешаҳои тоза, тарҳҳои стратегӣ, оянданигарии ҳакимона, пандҳои ибратомӯз ва ҳидояткунанда буд. Пешвои миллат камбудиву комёбиҳои солонаро дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳангу маорифи кишвар бо диққат таҳлилу арзёбӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд.
Дар таърихи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми маориф ва илм муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Тағйироте, ки ба низоми ҷаҳонии таҳсилоти олии касбӣ ворид гардиданд, аз қабили гузаштан ба низоми таълими бисёрзина, рӯи кор омадани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва мустаҳкам гардонидани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар назди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои навро гузошт. Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ғамхоронаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми давлатдории навин низоми маориф ва илмро соҳаи афзалиятнок ва калидии давлат дониста, мавриди пуштибонии махсус қарор доданд. Тайи солҳои охир барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар самти фарогирии наврасону ҷавонон ба омӯзиш, пешбурди раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони донищманд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҷдиди назар карда шуда, таҳияву тасдиқ гардиданд.
Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити муассиру заруриро барои маориф фароҳам овардааст. Танҳо аз муҳассилин тақозо мегардад, ки барои аз худ намудани илмҳои дақиқу ҳозиразамон сидқан талош намоянд. Ҳамчунин, омӯзгорону донишмандонро зарур меояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва ба ин васила дар рушду тараққиёт ва пояндаву ҷовидон мондани Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмҳо гузоранд. Зеро бе мактабу маориф пояи давлатро наметавон устувор кард. Ба қавли шоир:
Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Дар ин замина ҷонфидоиҳо ва хизматҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмонро қайд кардан хеле бамаврид аст. Чунки маҳз бо ташаббуси он кас соҳаи маориф ба соҳаи муҳиму ояндасоз мубаддал гашт. Дар ҳама суханрониҳояшон Пешвои миллат зикр мекунанд: “Ман дар сиёсати хеш соҳаи маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. Далели гуфтаҳои болоро бо факту рақамҳои бешумор тақвият додан мумкин аст. Мо ин ҷо танҳо бо овардани чанде арқоми муҳим кифоя менамоем:
• Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”
• Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”
• Таъсис додани донишкадаву донишгоҳҳои ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ
• Кушода шудани филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ
• Бунёд ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти миёна, литсей ва гимназияҳо
• Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии хориҷӣ ва табодули ҳайати кадрӣ баҳри баланд бардоштани савияи кордонии онҳо.
Бо ташаббуси Пешвои миллат бо ҳадафи ҳарчи бештар ҷалб намудани насли наврас, ҷавонон ба мактабу маориф, донишандӯзӣ ва соҳибмаърифатӣ дар кишвари мо озмунҳои – «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ шудааст, ки дар он ҳазорон толибилми муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва волидони онҳо ҷалб шуда истодаанд. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи илм ва маориф аз тарафи Ҳукумати мамлакат дастгирии бештар ёфта, маблағгузорӣ дар ин самт сол аз сол афзуда истодааст.
Хулоса, дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо роҳбарии оқилона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат ислоҳоти куллие ба вуқуъ пайваст ва дар низоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешрафти бемисл ба миён омад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва мутамаддин собит намудааст, ки таваҷҷуҳ ба маориф ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва рушди давлат аст. Аз ҷониби Пешвои миллат додани мавқеи меҳварӣ ба соҳаи маориф ҳамчун механизми ҷомеасоз мебошад. Ҷомеаи бомаърифат ба рушди давлати тавоно ва муқтадир замина мегузорад.
Назарзода Н.Р., муаллими кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ