ПАЁМ РАҲНАМО БАРОИ ТАМОМИ СОҲАҲО
Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати асосии стретегии сиёсӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳаёти сиёсии кишвар мебошад. Паём самтҳои рушди давлатро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амнияти миллӣ ва хориҷӣ муайян мекунад. Паём на танҳо манбаи пешбининамоӣ, балки роҳнамои тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, новобаста аз фазои ноустувори ҷаҳони муосир, таҳдидҳои амниятӣ, тағйирёбии иқлим, рақобати геосиёсӣ ва таъсири буҳронҳои иқтисодӣ барои мардуми Тоҷикистон умедбахш аст. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ паёми бедоркунандаи худшиносии миллӣ, таъкидкунандаи афзалияти суннатҳои неки аҷдодӣ дар густариши раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки Паёми навбатиро на танҳо ҳисоботи соли 2025, барномаи рушди соли 2026, солҳои минбаъда, балки инъикоскунандаи арзишҳои миллӣ, баландбардорандаи ҳувияту якдилӣ, даъваткунанда ба сулҳу субот, ҳифозатгари ғояҳои давлати миллӣ номидан мумкин аст. Афзалияти дигари Паёми тозабаёни Пешвои миллат дар устувории давлат новобаста аз вазъияти пурташаннуҷи ҷаҳони муосир мебошад. Дар баробари ин таъкид карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир» саъю талош менамояд. Талошҳои пайвастаи Пешвои миллатро дар ҳалли муаммои умумибашарӣ мардуми Тоҷикистон тавассути ВАО шоҳид ҳастанд ва боиси ифтихор аст, ки аз минбари баланди СММ садо медиҳаду аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта мешавад. Дар таҳлили амиқи таҳдиди ҷаҳони муосир ва роҳҳои пешгирии он Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии хеш пешсаф аст.
Хусусияти муҳимми Паёми соли 2025 дар он аст, ки дар баробари муқоиса ва қиёс бо дастовардҳои солҳои сипаришуда ба рушди устувори оянда дар асоси пешбининамоӣ такя мекунад. Масалан, таъкид карда шудааст, ки «тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад». Дар баробари чунин ояндабинӣ Пешвои миллат чораҳои зарурии татбиқшавандаро, ки бояд амалӣ гардад, муайян намуданд ва он дар Паём инъикоси худро ёфтааст: «Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад». Чунин пешбининамоӣ ва банақшагирӣ дар Паём санади стратегии дарозмуддат будани онро низ нишон медиҳад.
Афзалияти дигари Паём инъикоси таваҷҷуҳи хоса ба рушди иқтисодии кишвар ва саноатикунонӣ бо истифода аз имкониятои нав мебошад. Аз матни Паём маълум гардид, ки дар соли ҳисоботӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки «дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст». Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки саноатикунонӣ ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар Паём инчунин, таваҷҷуҳи хоса ба рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ равона карда шудааст. «Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад». Дар асоси дастуру супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» саривақт чораҷӯӣ намояд. Чунин тадбир нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо ба захираҳои табии худ, балки ба технологияи муосир низ такя менамояд. Чунин вазифагузорӣ кулли сокинони кишварро барои дар ин самт пешсафу муваффақ гаштан водор месозад. Ин гуна пешбинӣ ва супоришоти амалӣ хусусияти устувории фаъолияти давлатро дар самти сиёсати иқтисодӣ нишон медиҳад.
Дар Паёми соли 2025 масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври васеъ муҳокима карда шудааст. Дар доираи Паём ба кулли мардуми Тоҷикистон чунин муждаи нек расонида шуд: «моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад». Рушди соҳаи энергетика низ дар мадди назари Ҳукумат қарор дорад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад». Тадбири дигари Ҳукумати мамлакат дар ин самт дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим мавриди истифода қарор додани якчанд неругоҳи барқӣ офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мебошад. Ин гуна банақшагирӣ ва пешбининамоӣ шаҳодатгари он аст, ки давлат барои ҳалли масъалаҳои асосии ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Дар Паёми соли 2025 ба соҳаи илм ва маориф таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат зоҳир карда шудааст. Рушди илму маориф муҳим ва пояи устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ арзёбӣ гардидааст: «рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад». Дидгоҳи мазкур нишон медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат барои соҳаи маориф шароити мусоид бо баландгардонии иқтидори техникии муассисаҳои таълимӣ, таъмини шароити мусоиди таълимӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ, фароҳам овардааст. Рушди соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии инкишофи давлат ҳамасола дар мадди назари ҳукумат қарор дорад. Афзудани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҷумлаи тадбири ғамхоронаи Роҳбари давлат аст.
Умуман, Паём санади муҳими стратегӣ инъикоскунандаи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, далели возеҳи ғамхории Пешвои миллат ба кулли мардуми Тоҷикистон мебошад.
Комилова Маҳфуза,
мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ