Паём - дастури созандагию бунёдкорӣ

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бо иштироки васеи устодон ҷаласа баргузор гардид.

Зимни кори ҷаласа қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмӯи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда буда, дар ҳоле ироа гардид, ки соли 2021 бо як қатор дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахши худ дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.

Дар баромадҳо зикр гардид, ки ҳамасола таваҷҷуҳи мардуми кишвар ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маротиб меафзояд ва метавон Паёмро барномаи кору амал ва зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистон унвон кард.

Қайд карда шуд, ки Паём ин барномаи амал аст, агарчӣ дар он баъзе натиҷагириҳо нишон дода мешаванд, лекин мақсади асосии Паём муайян кардани роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа барои солҳои оянда аст.

Дар фароҷом таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ