​Паём – дастури раҳнамо барои ҷавонон

Дар хобгоҳи №2 бо ташаббуси кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов таҳти унвони “Паём – дастури раҳнамо барои ҷавонон” чорабинӣ баргузор шуд.

Дотсент Воситова ва ассистент Мамадҷонова ба донишҷӯдухтарон муҳтавои асосии Паёми Роҳбари олии давлатро шарҳ доданд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зикр доштаанд, ки “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф ба устод – омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”.

Аз ҷавонон даъват шуд, ки Паёмро сармашқи зиндагӣ ва фаъолияти хеш қарор диҳанд, зеро Паём дастури созанда ва роҳнамо дар самти расидан ба дастовардҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил


Лаҳзаҳо аз рафти бургузории чорабинии тарбиявӣ

Мудири кафедра:Ҷумаев Б.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ