​Озмуни “Мураббияи эҷодкор-2023”

Дар назди кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ бо ҷалби донишҷӯёни ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиноси амалӣ озмуни“Мураббияи эҷодкор-2023” доир гардид.

Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025” ва “Барномаи давлатии таклим таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030” ба роҳ монда шуд.

Дар озмун донишҷӯён таввасути муаррифӣ, аёниятҳо, қоғазҳои ранга, бозиҳои дастисоз иштирок намуда, бо кӯдаконнақшофарӣ намудаанд.

Мақсад аз ин иқдом дарёфт намудани донишҷӯёни боистедод ва омода намудани кадрҳои соҳибихтисос, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи зебопарастӣ мебошад.

Ҳамзамон, бо донишҷӯёниихтисоси Таҳсилоти томактабӣ.Забони хориҷӣ (Забони русӣ ) чорабинии Соли навӣ ташкид шуд.

Ғолибони озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ