​Озмуни «Муаллими сол»: фаъолон ба даври дуюм роҳ ёфтанд

Бо иқдоми шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот озмуни “Муаллими сол” роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштанисатҳу сифати таълиму тадрис ва густариши маҳорати касбии омӯзгорон унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур дар асоси фармоиши ректор дар се сатҳ - кафедра, факултет ва донишгоҳ гузаронида мешавад.

Феълан даври якуми озмун дар кафедраҳо ҷамъбаст гардида, шуруъ аз даҳаи дуюми моҳи март даври факултетии озмуноғоз шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи Низомнома оид ба озмуни “Муаллими сол”, ки дар Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ гардидааст, омӯзгорони синну соли гуногун новобаста аз дараҷа ва унвони илмӣ ҳуқуқи иштирок намудан доранд.

Гуфта шуд, ки дарсҳои намунавии довталабони даври якуми озмун дар утоќҳои таълимӣ – методии бо тахтаи электронӣ ва дигар лавозимоти техникӣ муҷаҳҳаз ва бо роҳу усулҳои фаъоли таълим, навгониҳои илмию техникӣ, бо истифода аз аёният ва муаррифӣ баргузор шуда, дар шакли семинари таълимӣ-методӣ бо муҳокимаю таҳлилва баҳогузорӣ аз ҷониби гурўҳи коршиносон ҷамъбаст гардид.

Дар доираи озмун сифати дарс ва маводи таълимӣ – методӣ, дараҷаи маҳорату малакаи касбии омўзгор, ташаккули ќобилияти зеҳнӣ ва фаъолияти эҷодии донишҷўён, сатҳи фаъолнокии донишҷўён дар раванди дарс, сифати дарсҳои назарӣ, амалӣ ва муаррифии мавзуъҳо, дараҷаи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони давлатӣ, муоширату тадрисбо забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта шуд.

Интизор меравад, ки даври дуюми озмуни “Муаллими сол” дар сатҳи факултет то санаи 15 апрел ва даври сеюм дар сатҳи донишгоҳ аз 30 май давом хоҳад кард.

Ғолибони озмун бо ҷоиза вамукофоти раёсати донишгоҳ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ