Озмуни “Фарзонахонӣ”

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба муносибати 60-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ озмуни “Фарзонахонӣ”баргузоргардид.
Озмуни мазкурро дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Зеварой Бобоева ҳусни оғоз бахшида, ҳакамони озмун дар ҳайати мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик дотсент Мутрибахон Мавлонова ва устодони кафедра, дотсентон - Салоҳиддин Узбеков,Зоҳидҷон Қӯрғонов, Шоирахон Ҳакимова, Маликахон Муродова муайян гардид.
Зимни озмун ба миқдори ғазал ва рубоиву дубайтиҳои азбарнамудаи донишҷӯён, хониши ифоданок, муайян кардани мавзуи шеърҳо, шарҳи луғот ва маърифати шеър таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Интизор меравад, ки ғолибон дар ҷамъбасти ҳафта бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил