Озмуни эҷодии “Расми беҳтарин” бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи коррупсия

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн озмуни эҷодии “Расми беҳтарин” бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи коррупсия, таҳти унвони “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок”, аз ҷониби кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ баргузор шуд.

Дар озмун донишҷӯёни гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуда, бо истифода аз рангҳои акварелӣ корҳои эҷодиро иҷро карданд. Озмун дар доираи солгарди байналмилалии мубориза бо коррупсия ва бо мақсади шеносоии хатарҳои коррупсия барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа баргузор гардид.

Дар замони муосир коррупсия як зуҳуроти хатарнок ва харобиовар барои ҷомеа маҳсуб мешавад, ки на танҳо амният, балки баробарии иҷтимоиро таҳдид мекунад.

Дотсенти кафедра Эшонова Насиба дар суханронии худ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани коррупсия заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Барномаҳои давлатӣ, ки мақсади онҳо рафъи омилҳои коррупсионӣ мебошад, амалӣ шуда истодаанд.

Ҳайати ҳакамони озмун ба корҳои эҷодии донишҷӯён баҳогузорӣ намуда, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ