Озмун: Вазиши ақл
Дар факултети математика аз санаи 13-ум то 15-уми декабри соли равон байни гурӯҳҳои академӣ бо мақсади баланд бардоштани тафааккури донишҷӯён таҳти унвони “Варзиши ақл” озмун-мусобиқа ташкилу баргузор гардид.
Озмун байни ду гурӯҳи факултет аз соати 7:40 то соати 8:00 гузаронида шуда, дар рафти он ба гурӯҳҳо саволнома пешниҳод мегардид, ки тибқи шартҳои озмун иштирокчиён бояд давоми 10 дақиқа ба суол посух мегуфтанд ва ғолиб ба даври дигар роҳ меёфт.
Ҳамин тариқ аз рӯи ҷамъасти озмун-мусобиқаи “Варзиши ақл” гурӯҳи 303б ғолиб гардид. Ҷойи дуюм насиби гурӯҳи 401а, 503а ва гурӯҳҳои 204, 101а сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Бахтиёр Шомирзоев - мудири шуъбаи тарбия ба ғолибони озмун диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии садорати факултетро тақдим намуд.
Гуфта шуд, ки дар оянда низ чунин озмунҳо дар факултет роҳандозӣ мешаванд.
Маркази иттилоот ва таҳлил