ОЗМУН-МУСОБИҚАИ «ТРИВИУМИ МАТЕМАТИКӢ»
10 феврали соли 2026 дар факултети математика бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» дар доираи баргузории чорабиниҳои ҳафтаи илм байни донишҷӯён озмун-мусобиқаи илмӣ-таълимии «Тривиуми математикӣ - 2026» доир гардид.
Рушди тафаккури мантиқӣ ва таҳлилӣ, ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ ва омодасозии онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҳадафҳои асосии озмун унвон мешавад.
Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур дар заминаи татбиқи «Барномаи давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030» ва «Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040» роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 1-4-уми факултет ба таври даставӣ иштирок намуданд.
Ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил