ОЗМУН-МУСОБИҚАИ ДОНИШГОҲИИ «ВАРЗИШИ АҚЛ – 2025» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020–2040)» озмун-мусобиқаи донишгоҳии «Варзиши ақл – 2025» баргузор гардид.

Озмун бо ташаббуси садорати факултети математика давоми моҳҳои ноябр–декабри соли 2025 байни донишҷӯёни курсҳои 1–5 гузаронида шуд. Ҳадафи баргузории он баланд бардоштани шавқи донишҷӯён ба фанҳои дақиқ, рушди тафаккури мантиқӣ, ошкор намудани қобилиятҳои зеҳнӣ ва омодасозии ҷавонон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ буд.
Озмун аз рӯи низоми олимпӣ баргузор гардида, масъалаҳои мантиқӣ, исботи формулаҳо ва теоремаҳоро дар бар гирифт. Дар ҷараёни мусобиқа донишҷӯён маҳорати баланди зеҳнӣ, дониш ва қобилияти таҳлилии худро нишон доданд.
Дар фарҷом озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо дар рушди неруи зеҳнӣ, тақвияти донишҳои назариявӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён нақши муҳим мебозад.
Маркази иттилоот ва таҳлил