​Озмун: муаллифони беҳтарин маводи видеоӣ қадр мешаванд

Шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи "Пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо" озмун эълон мекунад.

Дар озмуни мазкур устодону донишҷӯён имкони иштирок доранд.

Ба озмун мавод дар шакли навор дар ҳаҷми на кам аз 3 дақиқа қабул мешавад.

Дар мавод бояд роҳу воситаҳои муосир ва муассири мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ нишон дода шавад.

Муҳлати қабули мавод то санаи 30 апрели соли 2023 муқаррар шудааст.

Ғолибон дар арафаи Рӯзи ҷавонон бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадр мешаванд.



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ