Осору пайкори Пешвои миллат - чароғи равшани илму дониш

Китоб дар ҳаёти инсон нақши муҳим дорад. Китоб ба одам ҷаҳони пур аз мафҳумҳои ғайриоддӣ, пурасрор ва ҷолибро ошкор мекунад. Баъзан китоб метавонад ҷаҳонбинии инсон, назари ӯро ба зиндагӣ ва инчунин эътиқоди шахсро низ тағйир диҳад.

Ҳар як китоб як ҷаҳони махсусест, ки аз ҷониби касе офарида шудааст. Он метавонад воқеаҳои воқеӣ, таърихӣ ва ё хаёлоти нависандаро тасвир кунад.

Барои нигоҳ доштани китоб аз замонҳои қадим дар тамоми шаҳрҳои калон китобхонаҳо сохта шуда буданд ва оилаҳои сарватманд низ дар манзили худ китобхонаҳо доштанд.

Ҳоло дар замони мо китобҳо мисли пештара арзиш надоранд, онҳо хеле дастрасанд ва бо теъдоди калон мебароянд. Илова бар ин, васоити электронӣ пайдо шуданд, ки ба осонӣ варақҳои коғазҳои дар муқоваи сахт басташударо иваз мекунанд. Китоб як ихтирои инсоният аст, кимуддати хеле ва хеле дароз ба мо хидмат хоҳад кард. Китоб қисми ҷудонашавандаи ҳаёти қариб ҳар як шахс аст. Вай равзанаи олами нави дурахшон ва номаълумро мекушояд. Китоб хазинаи ҳақиқии хирад аст. Бо мутолиаи китоб мо дунёи ботинии худ, захираи луғавиамонро ғанӣ мегардонем ва ҳамин тавр, мо ҳам барои худамон ва ҳам барои дигарон хеле ҷолибтар мешавем. Китобҳо барои қабули қарорҳои дуруст дар бисёр ҳолатҳо кӯмак мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он абармардоне мебошанд, ки барояшон мавзӯи китоб муҳим аст. Аз аввалин рӯзҳои президентӣ то ба имрӯз пайваста барои беҳбудии шароит ва маърифати мардуми кишвар кӯшидаанд. Он кас муаллифи беш аз 20 китоб дар бораи таърихи тоҷикон ва забони тоҷикӣ мебошанд. Нашрияҳои президент сифати аъло дошта, бо теъдоди зиёд нашр мешаванд. Қиматтарин китоб дар ин силсила китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” аст, ки таърихи тоҷиконро аз қадимулайём то охири асри 19 дар бар мегирад.

Дар аксари донишгоҳҳои кишвар гӯшаҳои китобҳои Пешвои миллат таъсис ёфтаанд. Ин китобҳо барои таблиғот, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ хеле муҳиманд.

Яке аз асарҳои бузургтарини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои Мондагор” аст, китаҳияон арзиши беандозаи илмӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ дорад. Аҳамияти беандозаи китоб аз он иборат аст, ки асари мазкур бо забони ноби тоҷикӣ таълиф гардида, барои аҳли илму адаб, дӯстдорони таъриху фарҳанг ва адабиёти гузаштагонамон пажуҳиши арзишманд ба ҳисоб рафта, барои тарбияи ҷавонон дар роҳи худшиносии миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, шинохти бузургон воситаи муҳими тарбия ба шумор меравад.

Сарвари давлат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон рӯ оварда, ба насли ҷавон зарурати донистани гузаштаи худ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги худро талқин менамоянд.

Асар дар асоси пажуҳишҳои арзишманд таълиф гардида, доир ба саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик маълумотҳо медиҳад. Дар натиҷаи мутолиаи асари мазкур ҳар як шахс бо рӯзгор ва осори шахсиятҳои номдори соҳаи илму адаб ва таърихию сиёсии халқамон шинос шуда, барои худ маълумотҳои арзишмандеро дастрас менамояд.

Омӯзиши асари «Чеҳраҳои мондагор» на танҳо барои шиносоӣ бо таърихи пурифтихори халқамон ва шиносоӣ бо ҳаёту фаъолияти шахсони шинохтаи таърихӣ имкон медиҳад, балки барои густариши ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як шахси худогоҳ мусоидат менамояд.

Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, ки ба халқҳои ҷаҳон хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм таҳдид менамояд, дарки худшиносии миллии ҳар як фард, хештаншиносӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, шинохти бузургони миллат ва омӯзиши ҳаёти пурифтихори онҳо нақши муҳим дорад. Омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз асарҳои арзишманди Пешвои миллат ба тарбияи худшиносии миллии ҷавонон, ифтихор доштан аз ватану ватандорӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Бузургтарин асрори бақову ҳастии миллати тоҷик пайвандт ногузастанӣ бо қаламу китоб аст. Бинобар ин ҷавонон бояд идомадҳандаи суннатҳои неку писандидаи аҷдодони худ бошанд ва дили худро бо чароғи илму дониш равшан созанд.

Абдулхонов У.Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ