​Осорхона муаррифгари таърих ва фарҳанги миллат

Бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як гурӯҳ донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ баҳри ошноӣ пайдо намудан оид ба таърих ва фарҳанги миллат, хосатан шахсиятҳои таърихӣ, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, аз ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд.

Гуфшта шуд, ки ҳар як инсони соҳибфарҳанг бояд аз таърихи халқу сарзамини хеш огаҳии амиқу дақиқ дошта бошад. Зеро таърих пайвандгари дирӯзу имрӯз ва оянда буда, роҳро ба сӯи фардо равшан менамояд.

Роҳбарияти осорхона бо экпанатҳо донишҷӯёнро шинос намуда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, маълумот доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ