Омӯзиши Паёми Пешвои миллат
Дар факултети геоэгология ва туризм ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 20213 бо иштироки васеи устодон ҷаласа баргузор гардид.
Зимни кори ҷаласа декани факултет Абдухолиқзода Музаффар қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмӯи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда буда, дар ҳоле ироа гардид, ки соли 2023 бо як қатор дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахши худ дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.
Мавсуф зимнан иброз дошт, ки ҳамасола таваҷҷуҳи мардуми кишвар ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маротиб меафзояд ва метавон Паёмро барномаи кору амал ва зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистон унвон кард.
Қайд карда шуд, ки Паём ин барномаи амал аст, агарчӣ дар он баъзе натиҷагириҳо нишон дода мешаванд, лекин мақсади асосии Паём муайян кардани роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа барои солҳои оянда аст.
Маркази иттилоот ва таҳлил