Омӯзиши истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим

Омӯзгорон барои тақвият бахшидан ба фаъолияти касбии омӯзгорӣ ва истифода аз методу усулҳои нави муосири таълим, истифодаи технологияи иттилоттию иртиботӣ, тахтаи электронӣ, воситаҳои айёнӣ, шаклҳои гуногуни муаррифиҳои фаннӣ бештар истифода мебаранд. Дар робита ба ин бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар тамоми факултетҳо дарсҳ дар мавзуи “Кор бо тахтаи элетронӣ” гузашта истодааст. Чунин тадбир имрӯз дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бо ҷалби васеи устодон роҳандозӣ гардид.

Ба устодони факултет сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии информатика, Мадина Аҳмадбекова усули истифодаи кор бо тахтаи электронӣ дар раванди таълим ва таҳияи муаррифии фанни бо истифода аз технологияи муосир мавриди баррасӣ қарор дод. Зикр шуд, ки тахтаи электронӣ ҳамчун экрани калон муъҷизоти технологиро мемонад ва ҳангоми истифода­и он компютер ва проектор нақши муҳимро иҷро мекунад. Раванди кори ин таҷҳизот аз он иборат аст, ки маводи даркорӣ дар компютер ҷой дода шуда, тавассути дархост аз компютер ба проектор равона карда мешавад. Сипас, аз ҷониби проектор ин мавод ба тахтаи электронӣ пахш мегарданд. Дар рафти кор бо тахтаи электронӣ тамоми ислоҳоти ҳуҷҷатҳо ба инобат гирифта шуда, баҳри нигоҳдорӣ ба компютер ворид мегарданд.

Мадина Аҳмадбекова мавзуи зикршударо ба устодон бо тамоми нозукиҳояш дар раванди таълим шарҳу тавзеҳ дод ва зимнан устодон вобаста ба дарсашон муаррифиҳо сохта, байни ҳам муаррифӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ