Омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ
Бо ташаббуси кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣбо иштироки омӯзгоронифакултет бахшида ба Рӯзи омӯзгорон таҳти унвони “Омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар доираи ташаббуси мазкур доир ба нақши омӯзгор маърӯзаҳо ироа шуда, шеъру гуфтор қироат шуданд.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он унвон намуда, таъкид доштаанд, ки омӯзгор донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад” – зикр шуд зимни чорабинӣ.
Декани факултет дотсент Шарифиён Муқаддас зимни суханронӣ омӯзгоронро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта, ба фаъолон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил