​Олимпиадаи фаннӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ

Бахшида ба ҷашни 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултети забонҳои хориҷӣ барои муайян намудани сатҳу савияи дониш ва забондонии донишҷӯён рейтинги дараҷаи омӯзиши фанни забони англисӣ байни донишҷӯён гузаронида шуд.

Зимни ташкили рейтинг чунин фаъолияти донишҷӯён аз қабили хондан, хат ва иҷрои тестҳо санҷида шуд, ки дар он омӯзгорони фаннӣ иштирок намуда, барои шаффоф гузаронидани рейтинг мусоидат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки тестҳо ба ҳамаи донишҷӯён бо назардошти талаботи ягона супорида шуда, донишҷӯён фаъолнокии худро нишон дода, саъю кӯшиши худро барои дар дараҷаи матлуб иҷро кардани тестҳо равона карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ