​Олимпиадаи фаннӣ дар факултети филологияи тоҷик

Дар факултети филологияи тоҷик низ даври аввали олимпиадаи фаннӣ, ки дар донишгоҳ шуруъ аз оғози моҳи равон ҷараён дорад, доир шуд. Дар ин бора Сорбон Азизов, муовини декани факултет оид ба илм ва инноватсия иттилоъ дод.

Мавриди зикр аст, ки олимпиадаҳои фаннӣ дар асоси нақшаи шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогии раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он дарёти донишҷӯёни лаёқатманд ва фаъолу соҳибмаърифат унвон мешавад.

Дар факултети филологияи тоҷик олимпиадаи мазкур аз фанни “Забон ва адабиёти тоҷик” баргузор шуда, дар ҷараёни он мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дотсент Раҷабов Боҳирҷон, декани факултет дотсент Тиллохоҷаева Муҳаббат ширкат намуданд.

Дар маҷмуъ, дар даври аввал 22 нафар донишҷӯёни факултет иштирок намуда, интихобӣ аз миёни панҷ мавзӯи пешниҳодшуда иншо навиштанд. Ғолибони даври аввал ҷиҳати иштирок ба даври дуюми олимпиада роҳхат хоҳанд гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ