Олимпиадаи фаннӣ аз математика

Дар факултети математика даври якуми олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни курсҳои якум ва панҷум баргузор шуд. Ин ташаббус аз рӯйи фанни математика роҳандозӣ шуда, дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” амалӣ гардид.

Дар олимпиада 40 нафар донишҷӯёни факултет байни ҳамдигар рақобат намуданд.

Дар доираи олимпиада намоянда аз Раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ Боҳир Раҷабов иштирок намуда, шаффофияти баргузории олимпиадаро назорат намуд.

Ба даври дуюми олимпиадаи фаннӣ аз математика 10 нафар донишҷӯён роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ