​Олимпиадаи фаннӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ даври аввали олимпиадаи фаннӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гашта, дар он донишҷӯён аз курсҳои 1 то 4 иштирок намуданд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур декани факултет дотсент Узоқова Г.М., мудири кафедраи барномарезӣ н.и.и., Нуриллоев Х.Р., муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Мироватова Б.Ф. ва намояндаи раёсати илм ва инноватсия ширкат намуданд.

Дар умум 30 нафар донишҷӯёни факултет дар даври аввал иштирок намуда, ба даври навбатӣ 6 нафари онҳо роҳ ёфтанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ