Олимпиадаи фаннӣ аз фанни "Педагогикаи умумӣ"
Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ олимпиадаи фаннӣ аз фанни "Педагогикаи умумӣ" баргузор гардид. Олимпиада ба таври гузаронида шуда, дар он донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла олигофренопедагогика, таҳсилоти томактабӣ, ва равоншиносии амалӣ иштирок намуданд.
Декани факултет, дотсент Муқаддас Шарифиён дар суханронии худ ҳадафи асосии олимпиадаро дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба омӯзиши илм таъкид намуд.
Дар олимпиада 24 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян шуданд.
Олимпиада бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва ҳавасмандгардонии онҳо ба корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ баргузор гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил