ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ФАННИ ГЕОГРАФИЯИ ТАБИӢ ДАР ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ШУД
Санаи 8-уми декабри соли 2025 дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳ Олимпиадаи донишҷӯён аз фанни географияи табиӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии илмию омӯзишӣ 20 нафар донишҷӯ аз ихтисосҳои «география», «геоэкология», «география – биология», «география – демография», «география – иқлимшиносӣ» ва «экологияи умумӣ» ширкат варзиданд.
Олимпиадаи мазкур дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040)» роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва омодагии донишҷӯён ба озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» мебошад.
Дар ҷараёни озмун довталабон бо истифода аз донишу маҳорат ва омодагии тахассусии худ ба саволномаи хаттӣ посух доданд. Дар анҷоми олимпиада ғолибон муайян гардида, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
Масъулони факултет таъкид мекунанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмию таълимӣ барои рушду такмили касбияти донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва омодагии онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Ин гуна иқдомҳо ба рушди тафаккури илмӣ ва болоравии савияи тахассусии мутахассисони оянда мусоидат менамоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил