​Олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ даври аввали олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.

Олимпиада бо ташаббуси кафедраи барномарезӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ва баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур 12 нафар донишҷӯён иштирок намуда, сатҳи дониши иштирокчиён тариқи масъалаҳои равияи барномарезӣ санҷида шуд.

Аз рафти олимпиада ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода А.И., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сабурӣ Х.М., муовини ректор оид ба иқтисодӣ Раҳмонзода Ш., декани факултет, дотсент Узоқова Г.М. ва мудири кафедраи барномарезӣ дотсент Нуриллоев Х.Р. аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар фарҷом 4 нафар донишҷӯён маҳорати хуби барномарезиро нишон дода, ба даври донишгоҳии олимпиада роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ