Олимони донишгоҳ дар конференсияи байналмилалӣ
Аз 20 то 25 сентябри соли равон дар шаҳри Кабардино-Балкария (Нальчик)-и Федератсияи Руссия бо иштироки доираи васеи олимони дохилию хориҷӣ конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони ”Экосистемаҳои куҳистони ва компонентҳои он“ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоишӣ бонуфуз олимони зиёд аз минтақаҳои гуногуни куҳистонии Федератсияи Руссия аз ҷумла Кавказ, Алтай, Урал, Доғистон, Шарқи Дур ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Дар Осиёи Миёна ду нафар олимони тоҷик аз ДДХ ба номи акдемик Б.Ғафуров – доктори илмҳои биологӣ, профессор Хабилов Т.К. ва номзади илмҳои биологӣ сармуаллимаи кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот Тоҷибоева Д.Э. иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмашон баромад карданд. Маърўзаҳои олимони тоҷик дар ин конференсия аз тарафи олимони рус дар муҳокимаи кори конференсия баҳои баланд гирифтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки профессор Хабилов Т. Қ. дар конференсияи илми мазкур дар ҳайати 133 иштирокчиён иштирок карда, ба ҳайси аъзои Кумитаи тадоруқоти ин ҳамоиш дуюмин маротиба интихоб шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил