Ҷоизаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар се ришта насиби устодони донишгоҳ гардид
Як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори Ҷоизаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гардиданд.
Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом Ҷоизаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар риштаи забон ва адабиёт ба номи профессор Абдулманнони Насриддин сазовори профессори кафедраи адабиёти классикӣ Тоҷибой Султонӣ, дар риштаи таърих ба номи профессор Саъдулло Абдуллоев насиби профессори кафедраи таърихи Ватан Ваҳҳоб Набиев ва дар риштаи санъат ба номи профессор Наим Ҳакимов насиби роҳбари ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ Ҳусейнҷон Юсупов гардид.
Маросими супоридани ҷоизаҳо дар доираи Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вакилон ва собиқадорон” баргузор шуд, сурат гирифт.
Барандагони Ҷоизаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар вазъияти тантанавӣ қадр шуданд.
Маркази иттилот ва таҳлил