Оила – такягоҳи зиндагӣ

Бо чунин унвон давоми ҳафта дар хобгоҳҳои донишҷӯдухтарон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии маърифатӣ-тарбиявӣ доир шуд.
Мақсади чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои оилавӣ, тарбияи ахлоқии насли наврас ва муаррифии нақши муҳими оила дар тарбияи фарзанд унвон мешавад.
Дар рафти чорабинӣ донишҷӯдухтарон дар мавзуи“Оила - такягоҳи зиндагӣ” маърӯзаҳо ироа намуда, перомуни мустаҳкам намудани оила, саводнокии модар ва аҳаммияти он дар тарбияи фарзанд, муносибати волидон саҳначаҳои ҷолиб ба намоиш гузоштанд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи тарбия Ҳасанова Махфузахондар чорабинии мазкур иштирок намуда, доир ба аҳаммияти баргузории ин чорабиниҳо ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ аз санаи 25 апрел то 15 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила вохӯриву мулоқот бо намояндагони оилаҳои барӯманд, табибони оилавӣ ва равоншиносони касбӣ ба роҳ монда шудааст, киҳадафи асосӣ тарбияи ҷавонон ба оиладорӣ ва риояи расму оини неки ниёгон аст.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд вабо рӯҳияи баланди тарбиявӣ баргузор гардида, ба тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва аҳамияти оила дар тарбияи инсон саҳми босазо гузошт.
Маркази иттилоот ва таҳлил