Оғози мусобиқа аз рӯйи намуди волейбол байни устодону кормандон

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа аз рӯйи намуди волейбол миёни устодону кормандон оғоз гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия дотсент, Набизода Мирзотоҳир мусобиқаро оғоз намуда, афзуд, ки боиси хушнудист, ки дар шароити кунунии рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, хосатан ҷавонон гардидааст.

Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар рушду нумӯи ҳар давлат муҳим буда, фаъолият дар ин соҳа ҷасорату мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, покиву озодагӣ ва садоқатмандӣ ба миллату ватанро тақозо мекунад. Раёсати Донишгоҳи давлатии хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади иҷро ва татбиқи сиёсати варзишпарваронаи Роҳбарияти олии мамлакат тасмим гирифтааст мусобиқаи варзиширо аз рӯи намуди волейбол байни устодону кормандон ташкил намояд гуфт, - Набизода Мирзотоҳир.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 18-факулет, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дастаи волейболбозони раёсти донишгоҳ байни ҳам рақобат хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи волейбол аз санаи 2-юм то 20-уми феврали соли 2023 байни ҳайати профессорону омӯзгорон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаҳои варзишии факултети тарбияи ҷисмонӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ