ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Фатҳуллозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Содиқ Ятимзода ширкат намуда, бо раванди баргузории озмун ва шарту шароити он шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ибтикор ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбаргузор шуда, мақсад баланд бардоштани шавқи ҷавонону наврасон ба омӯхтани илмҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир, рушди тафаккури илмӣ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав ва тарғиби ихтироъкориву навоварӣ арзёбӣ карда мешавад.
Даври вилоятии озмун аз 14 то 17 сентябр идома ёфта, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои математика, химия ва биология, география, физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам мубориза мебаранд.Аз ҷумла дар ин даври озмун аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 24 нафар иштирок менамоянд.
Дар ҷараёни озмун иштирокчиён корҳои илмӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироот ва дастовардҳои эҷодии худро муаррифӣ намуда, сатҳи дониш, маҳорати илмӣ-таҳлилӣ, қобилияти эҷодӣ ва малакаҳои амалии худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд.
Барои дар сатҳи баланд доир гаштани озмуни мазкур дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, натиҷаи озмун тибқи тартиботи муайяншуда ҷамъбаст мегардад.
Маркази иттилоот