«НУРИ МАЪРИФАТ» — ОИНАИ ПУРҶИЛОИ ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲ
Ба муносибати 60-солагии таъсисёбии рӯзномаи донишгоҳии «Нури маърифат» дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нури маърифат — оинаи пурҷилои таърихи Донишгоҳ» баргузор гардид.

Конференсияро ректори донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ нақши муҳими матбуотро дар ташаккули афкори ҷомеа таъкид кард. Ӯ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба фаъолияти озоди воситаҳои ахбори умум таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, матбуотро омили муҳими рушди ҷомеа медонанд. Ба таъкиди ректор, рӯзномаи «Нури маърифат» тӯли шаст сол рисолати касбии худро содиқона иҷро намуда, ба минбари воқеии устодону донишҷӯён табдил ёфтааст.
Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой суханронӣ намуда, «Нури маърифат»-ро на танҳо оинаи ҳаёти дохилидонишгоҳӣ, балки василаи муассири татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат арзёбӣ кард.
Дар идома раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ва раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистон Ҷовиди Аштӣ зимни суханрониҳои худ аз мақом ва ҷойгоҳи рӯзномаи «Нури маърифат» дар рушди матбуоти касбиву соҳавӣ ёдовар шуда, онро мактаби воқеии тарбияи рӯзноманигорони ҷавон ва оинаи равшани ҳаёти илмӣ-маънавии Донишгоҳ арзёбӣ намуданд.
Маърузаҳои профессор Нуралӣ Нуров дар мавзуи «Мақом ва ҷойгоҳи «Нури маърифат» чун минбари устодону донишҷӯён дар замони Истиқлол», дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов дар мавзуи «Маҳорати педагогӣ дар марҳилаҳои ташаккулёбии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров» ва дотсент Рустам Юлдошев дар мавзуи «Нури маърифат – мактаби бузург ва оинаи таърихи Донишгоҳ» бахши илмии конференсияро шукӯҳи тоза бахшид.
Баъдан дар кори конференсия собиқ сармуҳаррирони рӯзнома профессор Абдусаттор Абдуқодиров, Мавлуда Шарифова ва Зебоҷон Абдуллоева суханронӣ намуда, нашрияро ҳамчун мактаби бузурги рӯзноманигорӣ, оинаи таърихи Донишгоҳ ва минбари андешаи устодону донишҷӯён ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки рӯзномаи «Нури маърифат» дар инъикоси тамоми самтҳои фаъолияти Донишгоҳ ва тарбияи маънавии донишҷӯён саҳми арзанда гузошта, минбаъд низ рисолати касбии худро бо масъулияти баланд ба иҷро мерасонад.
Дар ҷамъбаст як қатор журналистон, собиқадорони рӯзнома, устодону кормандони Донишгоҳ барои ҳамкориҳои судманд, таҳия ва нашри мақолаву гузоришҳо, саҳми арзанда дар рушди матбуоти Донишгоҳӣ ва фаъолияти пурмаҳсули касбӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадршиносӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки соли 1965 аввалин шумораи рӯзнома бо номи “Маҳорати педагогӣ” рӯи чоп омадааст. Дар замони Истиқлол рӯзнома “Нури маърифат” ном гирифта, аз рӯзномаҳои серадад ба ҳисоб меравад. Он ҳоло бо теъдоди 13000 нусха ба дасти чоп мерасад. То имрӯз беш аз 2370 шумораи рӯзнома ба дасти хонанда расидааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил