Нишасти навбатии маҳфили “Мусташриқ”
Дар кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ нишасти навбатии маҳфили илмӣ-адабии “Мусташриқ” баргузор гардид.
Дар доираи ин ташаббус як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд.
Аз ҷумла, таҳти унвони “Шарқшиноси олмонї Карл Броккелман – ҳаёт ва фаъолияти ӯ” ва “Шарқшинос, олим, нобиғаи соҳаи забоншиносӣ – Нуруллохон Ғиёсов” аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳо ироа гардид.
Баъд аз шунидани маърӯзаҳо миёни иштиркчиёни маҳфил суолу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Ҳамзамон, дар идомаи маҳфил дар мавзӯи омӯзгор бо забонњои арабї ва тољикї шеърҳо қироат шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки маҳфили илмӣ-адабии “Мусташриқ” дар назди кафедраи грамматикаи забони арабӣ давоми моҳ як маротиба доир гардида, ҳадаф аз он таҳкими саводи тахассусии донишҷӯён унвон мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил