​Нишасти навбатии маҳфили илмии “Омӯзгори оянда”

Бо ташаббуси кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус нишасти навбатии маҳфили илмии “Омӯзгори оянда” доир шуд.

Дар доираи маҳфил аз ҷониби донишҷӯён як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд.

Аз ҷумла, мавзуъҳои “Гуманизатсияи маориф ва истифодаи ақидаҳои инсонгароёнаи мутафаккирони халқи тоҷик дар раванди таҳсилот” ва “Мақоми роҳбари синф дар тарбияи ахлоқию маънавӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ дотсент Вализода Шоира ва роҳбари маҳфил Пиров Ҳоҷибой баромад намуда, доир ба нақши маҳфил дар таҳкими фаъолияти илмии муҳассилин таъкид доштанд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни олимпиадаи Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Федератсияи Россия қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ