​НИШАСТИ МАТБУОТӢ: РУШДИ УСТУВОР ВА САМАРАИ ТАЛОШҲО ДАР ДОНИШГОҲ ДАВОМИ СОЛИ 2024

Нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин навбат бо муаррифии дастовардҳои устодону донишҷӯён давоми соли 2024 шуруъ шуд. Дар даромадгоҳ ва роҳрави бинои раёсат ҷоизаву унвон ва дигар анвои музаффариятҳои устодону донишҷӯён давоми давраи ҳисоботӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ҳисоботи ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом пас аз шиносоии рӯзноманигорон ва аҳли қалам аз муваффақиятҳои донишгоҳ шунида шуд.
Ректори донишгоҳ дар бораи равандҳои фаъолияти донишгоҳ маълумот дода, соли 2024-ро барои ҷомеаи меҳнатӣ соли нек ва марҳилаи тозаи рушд дар самти татбиқи ҳадафҳо унвон намуд.
“Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи таълимӣ - таҷрибавии “Хуррамзамин”-и донишгоҳ ва иштирок дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ аз рӯйдоди муҳими давраи ҳисоботӣ маҳсуб ёфта, дар таърихи фаъолияти донишгоҳи азизи мо ҳодисаи таърихӣ мебошад. Дастуру супориш ва мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарият ва масъулини донишгоҳ барои рушди мунтазами фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат хидмати тӯлонӣ хоҳад кард”- таъкид дошт профессор Усмонзода Аюб Ислом.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2024 дар донишгоҳ теъдоди лабораторияву озмоишгоҳҳо афзуданд, ки ҷиҳати таъмини сифати таълим ва густариши раванди таҳқиқотҳои илмии устодону донишҷӯён мусоидат намуданд. Аз ҷумла, дар факултети забонҳои хориҷӣ лабораторияи илмӣ-тадқиқотии магистрантон ва докторантон, дар факултети физика ва техника “Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии физикаи ҷисмҳои сахт”, “Лабораторияи таълимии астраномия ва методикаи таълими он”, “Синфхонаи ихтироъкорон ва навоварон”, дар факултети геоэкология ва туризм бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Ҷон Сонг Шик “Гӯшаи забон ва фарҳанги Куриё” ифтитоҳ ёфтанд.
Соли 2024 бо назардошти хизматҳои арзандаи устодони соҳибунвону соҳибтаҷриба 5-нафар бо медали “Хидмати шоиста”, 12 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”, 4 нафар бо ифтирхономаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, 1 нафар бо унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, 7 нафар бо ҷоизаи Бобоҷон Ғафуров ва 1 нафар бо Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ қадр гардиданд.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 8 Шурои диссертатсионӣ фаъолияти худро идома дода, дар донишгоҳ 35 нафар рисолаи номзадӣ ва 8 нафар рисолаи докторӣ ба дифоъ расид.
Бо мақсади амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар донишгоҳ беш аз 3000 чорабинӣ – конфронсу мизи мудаввар, мулоқоту вохӯрӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва монанди инҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Аз ҷониби устодон 842 мақолаи аҳамияти тарбиявидошта пешниҳод гардиданд, ки инъикоси он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 642 адад зиёд мебошад.
Ректори донишгоҳ иттилоъ дод, ки дар соли равон равобити байналмилалӣ таҳким ёфта, донишгоҳ бо 18 донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаву ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки нисбат ба соли гузашта 20% зиёдтар аст. Алҳол донишгоҳ бо зиёда аз 130 муассисаи ватаниву хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Дар қисмати суолу ҷавоб наздик 15 нафар рӯзноманигор доир ба самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ 22 суол пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба онҳо посухҳои муфассал манзур шуд. Аз ҷумла, масоили марбут ба сифати тайёр кардани мутахассисон, рушди илмҳои дақиқ, фаъолияти Минтақаи таълимӣ - таҷрибавии “Хуррамзамин”-и донишгоҳ , гуруҳҳои шартномавӣ, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, сохмони бинои нави донишгоҳ, ба ҷойи кор ҳозир нашудани хатмкунандагон ва чораҳои зарурӣ дар ин самт, қабул ба магистратура ва докторантура, табодули академикии устодону донишҷӯён дар хориҷа, ташаббусҳои донишгоҳ дар самти истифода ва татбиқи зеҳни сунъӣ, ихроҷи донишҷӯён, тамдиди муҳлати пардохти шартнома ва ғайра аз ҷониби аҳли қалам суолгузорӣ шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ҳамкории судманд ва инъикоси набзи ҳаёти донишгоҳ миннатдорӣ намуда, изҳори умед намуд, ки аҳли қалам минбаъд низ бо мунъакис намудани равандҳои фаъолият дар самти рушди донишгоҳ саҳм мегузоранд.



Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ