​НИШАСТИ МАТБУОТӢ: НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2025

Дар заминаи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар кори нишаст 20 нафар рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Нахуст ректори Донишгоҳ аз дастовардҳои соли 2025 ёдовар шуда, таъкид намуд, ки фаъолияти муассиса дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, инчунин қарорҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба роҳ монда шудааст. Зикр гардид, ки дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди илм ва инноватсия ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 дар Донишгоҳ 166 дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ, 291 факултетӣ, 374 кафедравӣ, 28 дарси онлайнӣ ва 13 сабти дарси устодони соҳибтаҷриба баргузор гардида, онҳо ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат намуданд. Ҳамчунин, дар ин давра ҳимояи беш аз 58 рисолаи номзадӣ ва докторӣ анҷом ёфта, 24 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистратура, аз ҷумла дар самтҳои зеҳни сунъӣ, Web-дизайн, технологияҳои иттилоотӣ ва забономӯзӣ таъсис дода шуданд.

Нашри зиёда аз 72 асари илмӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ, ҷалби устодон ва донишҷӯёни хориҷӣ, инчунин татбиқи 5 лоиҳаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимми соли сипаригардида арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки Донишгоҳ дар соли 2025 бо 8 муассисаи байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, айни ҳол бо зиёда аз 130 муассисаи дохиливу хориҷӣ ҳамкории доимиро ба роҳ мондааст. Дар ин давра 5 нафар устодон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Фаронса ба донишҷӯён дарс гуфтанд.

Дар идома намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, дастгирии иҷтимоии устодону донишҷӯёни имтиёздор, раванди имтиҳонсупорӣ дар Маркази тестӣ, ҷалби донишҷӯён ба экспедитсияҳои илмиву таълимӣ ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо, дастгирии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таъмини хатмкунандагон бо ҷойи корӣ, фаъолияти «Парки технологӣ», теъдоди гирандагони Стипендияи Президентӣ ва Раиси вилояти Суғд, инчунин ҷалби мутахассисон ба ихтисосҳои наву замонавӣ суолҳо пешниҳод намуданд. Ба ҳамаи суолҳо аз ҷониби ректори Донишгоҳ посухҳои муфассал дода шуданд.

Дар фарҷом роҳбари Донишгоҳ таъкид намуд, ки ҳамкориҳо бо намояндагони васоити ахбори омма минбаъд низ тақвият ёфта, онҳо дар инъикоси рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳ саҳми арзанда мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ