Нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО

Дирӯз дар толори хурди раёсати донишгоҳ нишасти матбуотии ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умум баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзоғуфрон Ғафуров ҳузур дошт. Инчунин, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ аз натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ давоми нимсолаи якуми соли равон дар назди ҳозирин гузориш дода, зикр намуд, ки “соли 2023-ро ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бо дастовардҳои тоза ва ташаббусҳои нек оғоз намуд. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ гардидани корҳои сохтмонии бинои нави таълимии нуҳошёна, ғолибияти устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилал, оғози як қатор лабораторияҳои таълимӣ, илмӣ, рақамӣ ва ташхисию таҳлилӣ, афзоиш ёфтани теъдоди устодони соҳибунвон, таъсиси Шуроҳои нави диссертатсионӣ, таҳким ёфтани базаи моддӣ-техникӣ, густариши раванди робитаҳои байналмилалӣ, ворид намудан ва шинонидани навъҳои гуногуни ангур дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”, таъмири хобгоҳҳои устодону кормандон ва аспирантону донишҷӯён аз тавфиқи арзишманди донишгоҳ давоми давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбад”.

Роҳбари донишгоҳ инчунин аз иқдомҳои амалишуда – таҳия ва татбиқи “Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” барои солҳои 2023 – 2028”, ташкили озмунҳои “Роҳбар - методисти беҳтарин”, “Муаллими сол - 2023”, ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”, дастовардҳои илмии устодони донишгоҳ, дифои 2 рисолаи докторӣ ва 26 рисолаи номзадӣ, корҳои тарбиявию ахлоқӣ, варзишӣ ва амсоли инҳо истода гузашт.

Ректори донишгоҳ гуфт, ки дар самти тарбия 1989 адад чорабинӣ доир гардид, ки дар меҳвари он татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидаанд, қарор гирифт.

Дастоварди варзишии донишгоҳ низ дар ин давра назаррас мебошад. Дастаи варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 50 медали тилло, 20 нуқра ва 28 биринҷӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии вилояти Суғд мақоми аввал ва дар даври ҷумҳуриявӣ бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ сазовори мақоми дуюм гардиданд.

Зимни ҳисобот роҳбари донишгоҳ дар самти робитаҳои байналмилалӣ қайд намуд, ки фаъолияти муассиса дар чор самт: лоиҳаҳои барномаи ERASMUS+, кор бо донишҷӯёни хориҷӣ, кор бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷи дуру наздик ва ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуд. Дар доираи амалӣ намудани 3 лоиҳа се лабораторияи таълимӣ – методӣ ифтитоҳ ёфта, 4 маҷмӯаи илмӣ - таълимӣ ва методӣ ба нашр расиданд. Дар ин давра 4 семинари илмӣ-амалӣ дар шакли офлайн ва 7 семинари машваратӣ бо тарзи онлайн бо иштироки намояндагони зиёда аз 18 донишгоҳи ҳамкори Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Феълан теъдоди шартномаҳои донишгоҳ дар самти робитаҳои байнламилалӣ 100 ададро ташкил медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумлаи “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Сухани халқ”, “Шафақ”, Азия+, “Маънавият”, телевизионҳои маҳаллии “Азия”, “7-ситора”, Радиои озодӣ ва дигарон ширкат варзида, доир ба рафти корҳои сохтмонии бинои нави таълимии нуҳошёна ва имконияту қабули тавоноии он, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ, ҳавасмандии моддиву маънавии олимон ва омӯзгорони ҷавоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва докториро ба дифоъ мерасонанд, имтиёзҳои мавҷуда ба донишҷӯёни фаъол, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, вазъи омода намудани омӯзгорони дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар, тавоноии қабули хобгоҳҳо барои донишҷӯён ва нақшаҳои минбаъдаи сохтмони биноҳои иловагӣ барои муҳассилин-эҳтиёҷмандон, сабабҳои асосии аз донишгоҳ хориҷшавии донишҷӯён, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, инчунин тадбирҳои амалишуда вобаста ба пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа ва амсоли инҳо муроҷиат намуданд.

Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом аз дастгириҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, изҳори умед бахшид, ки фаъолият минбаъд низ дар ҳамаи самтҳои мухталиф самараи бештар пайдо хоҳад кард.

Ҳамзамон ба рӯзноманигорон барои ҳамкории судманд бо донишгоҳ изҳори сипосмандӣ намуд ва умед намуд, ки равобити воситаҳои ахбории омма бо ин боргоҳи илму маърифат минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Ба аҳли нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми нимсолаи аввали соли 2023 “Паёми иттилоотӣ” дастрас гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ