​НИШАСТИ 234-УМИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБИИ «ГАНҶИ СУХАН»

4 феврали соли 2026 дар толори раёсати Донишгоҳ нишасти 234-уми маҳфили илмӣ-адабии «Ганҷи сухан» бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон, адибон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Маҳфилро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои аҳли зиё» маърӯза ироа карда, таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуда, барои аҳли зиё, махсусан омӯзгорон, олимон ва зиёиёни ҷавон, вазифаҳои мушаххас ва масъулиятҳои бузургро пеш мегузорад. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илми муосир, тақвияти мақоми омӯзгор, инчунин таҳкими худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Гуфта шуд, ки донишгоҳҳо бояд ба маркази тавлиди дониш, инноватсия ва маънавиёт табдил ёбанд.

Баъдан сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода дар суханронии худ ба аҳаммияти баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-адабӣ дар рушди тафаккури ҷомеа, болоравии маънавиёт ва таҳкими худшиносии миллӣ ишора кард.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳфили илмӣ-адабии «Ганҷи сухан» ҳамчун як минбари муҳими фикрӣ метавонад дар шарҳу тавзеҳ ва татбиқи ғояҳои Паёми Пешвои миллат нақши муассир дошта бошад.

Дар идома аз ҷониби номзади илмҳои филология Фирӯза Қаюмова навгониҳои илмиву адабӣ ва китобҳои тозанашр муаррифӣ гардид.

Роҳбари маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» Саидумрон Саидов натиҷаҳои фаъолияти маҳфилро дар соли 2025 мавриди таҳлил қарор дода, доир ба самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи маҳфил барои соли 2026 маълумот дод.

Қисмати фарҳангии нишаст бо шеърхонӣ, суруду оҳангҳои дилнишин ва фазои гарми адабӣ идома ёфт.

Дар фарҷом, ба як қатор иштирокчиён ва фаъолони маҳфил барои саҳми арзандаашон дар пешбурди фаъолияти маҳфили «Ганҷи сухан» сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд супорида шуд.

Изҳори бовар шуд, ки маҳфили «Ганҷи сухан» ҳамчун пайвандгари илм, адаб ва тарбия минбаъд низ фаъолияташро густариш дода, дар таҳкими робитаи илм ва адаб, рушди тафаккури миллӣ ва боло бурдани сатҳи маънавии ҷомеа, тарбияи мутахассисони босавод ва соҳибфарҳанг мусоидат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ